Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷии намунаи пешин (кабуд), ки қаблан муҳлати амалашон дароз шуда буд, билет намефурӯшанд.
Дароз кардани муҳлати амали шиносномаҳои хориҷӣ барои аксари шаҳрвандони қулай буд, зеро на ҳама ба харидани шиносномаи нави хориҷии биометрӣ имкон доштанд: ба расмият даровардани он 86 доллар (75 доллар худи шинсонома ва 100 сомонӣ - боҷи давлатӣ).
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия ва Украина бо шиносномаҳои хориҷии муқовааш кабуд, ки муҳлаташ дароз шудааст, иҷоза намедиҳанд, аз ин рӯ доштани шиносномаи хориҷии биометрӣ зарур аст.
Дар номаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ишора шудааст, ки дар робита ба ҳодисаҳои манъи вуруду ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик бо шиносномаҳои хориҷии муҳлаташон дарозшуда, аз 16 октябр дигар ба шаҳрвандони дорои чунин шиносномаҳо билет фурӯхта нашавад.
Котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки биноар сабаби дар боло зикршуда онҳо низ маҷбур шудаанд, ки фурӯши билетҳо ба хориҷи кишвар бо шиносномаҳои хориҷии муҳлаташон дарозшударо боздоранд, вале бо шиносномаҳои намунаи пешини бидуни муҳри дароз шудани муҳлати амал билет фурӯхта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав соли равон изҳор дошта буд, ки муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии намунаҳои пешинаи шаҳрвандони Тоҷикистон то 1 июли соли 2016, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, ба муддати 1 сол - то 1 июли соли 2017 дароз карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии муҳоҷирони тоҷики тамоми ин давра дар Русия ҳузурдошта ба охир расиданд: касоне, ки онҳоро ба шиносномаҳои нави биометрӣ иваз накардаанд, бояд барои гирифтани сертификат дар бораи бозгашт ба Тоҷикистон ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ё консулгариҳои ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Русия муроҷиат кунанд, вагарна онҳо қаламрави Русияро тарк карда наметавонанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ин ниҳод низ расмиёти дароз кардани муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии намунаи пешинро боздошта, умуман онҳоро дигар нашр ҳам намекунад.
Зикр гардид, ки дар дохили кишвар имрӯз танҳо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ дода мешаванд, вале шиносномаҳои намунаи пешини рангашон кабуд то анҷоми муҳлати амалашон бидуни ягон дарозкунӣ истифода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки арзиши шиносномаи биометрӣ дар Тоҷикистон, ки дар муҳлати 15 рӯз омода мешавад, 75 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ, дар муддати 7 рӯз - 150 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва дар муддати 2 рӯз - 225 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатиро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса метавон зикр кард, ки арзиши шиносномаи биометрӣ дар Қирғизистон ба 6 доллар ва Қазоқистон - 26 доллар баробар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Реальные «Мстители». Как Парвиз Джамалов показывает историю таджикского народа через героев Marvel
Таджикистан призвал защитить ледники на фоне глобальной борьбы с опустыниванием
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста