Бо қарори ҳукуматдорони пойтахт, боз як бозори яклухтфурӯшии шаҳри Душанбе - «Шанхай Бозор», ки миёни мардум бо номи «Хитой бозор» маъруф аст, низ кӯчонида мешавад.

Як гурӯҳе аз савдогарони бозор ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки ду рӯз пеш намояндагони шаҳрдории пойтахт назди онҳо омада, огоҳ кардаанд, ки «Шанхай бозор» кӯчонида мешавад.

«Ҳеҷ касе пештар моро дар ин бора огоҳ накарда буд. Акнун ногаҳон аз ҳукумат омада, эълон карданд, ки мо ҷойи дигар ҷустуҷӯ кунем. То рӯзи шанбе муҳлат доданд. Баъд бозор баста мешавад», - гуфт фурӯшандаи сарулибоси занона.

Дарёфти директори бозор муяссар нагардида, яке аз ёварони ӯ бидуни ифшои ному насаб изҳор намуд, ки айни замон маъмурияти бозор ба бастани он омодагӣ мегирад.

«Мо то ҳол дар ҳайратем. Ҳамагӣ як моҳ боз як растаи нави савдо кушода будем. Акнун ҳозир ин хабари нохуш расид. Ҳозир тариқи радио ба соҳибкорони бозор, ки шуморашон наздики 500 нафар аст, эълон дорем, ки ба баста шудани он омода бошанд. Албатта, боиси тассуф аст, чунки барои сохтмони бозор пули зиёд харҷ шуда, садҳо оилаҳо аз ин ҷо рӯзгори оилаашонро таъмин мекарданд», - афсӯс мехӯрад ёвари директори бозор.


Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки дарвоқеъ ҳам ояндаи наздик бозори мазкур кӯчонида мешавад.

«Ба соҳибкорони ин бозор дар қитъаи нави бозори «Корвон» нуқтаҳои савдо пешниҳод гардида, дар он ҷо онҳо метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд», - гуфт як манбаъ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Аммо соҳибкорони «Хитой бозор» бар ин назаранд, ки дар ҷойи нав роҳандозии тиҷорат ба онҳо мушкилӣ меорад.

«Қитъаи дар «Корвон» барои мо пешниҳодшуда дар охири бозор ҷойгир шуда, то ба он ҷо одат кардани харидорон моҳҳо вақт лозим аст. Охир бисёре аз мо ҳар моҳ қарзи бонкҳоро медиҳем. Боз як чизи дигар. Аксари мо дар назди бозор зиндагӣ карда, бору молҳоямонро дар хона нигоҳ медоштем. Акнун ҳар рӯз лозим меояд, ки ба қисмати канори шаҳр рафта, барои интиқоли бору мол маблағ пардохт кунем. Чаро моро пешакӣ огоҳ накарданд, ки барои тиҷоратмаон нуқтаҳои фурӯши муносиб пайдо кунем? Ин шитобкорӣ баҳри чист? Охир бозор аз марказ дур аст-ку? Ҳамаи ин аҷиб аст», - бо ҳайрат мегӯянд соҳибкорон.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт низ кӯчонида шуда, акнун ба ҷойи он маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9 октябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи барҳам додани бозори Шоҳмансур ва ҷудо кардани ҷубронпулӣ ба моликони иншооти бартарафшаванда қарор ба имзо расонид.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.