Як гурӯҳ хонандагон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки бо шиносномаҳои намунаи кӯҳна билети ҳавопаймоӣ харида наметавонанд.
«Қаблан Шумо хабар дода будед, ки манъи фурӯши билетҳо ба онҳое дахл хоҳад дошт, ки муҳлати шиносномааш дароз шуда бошад. Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки ба касоне ҳам, ки шиносномаҳои кабуд доранд, билетфурӯширо рад намуда, аз парвоз ҳам боздошта метавонанд», - менависанд хонандагон.
Аз 1 январи соли 2018 Украина барои убури сарҳад аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои нав, яъне тариқи шиносномаи биометрӣ ҷорӣ мекунад ва дар ин робита, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафари Украинаро доранд, гирифтани шиносномаи биометрӣ зарур аст.
Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки муҳлати шиносномаҳои хориҷии кабудашон дароз шудааст, қабул намекунад. Бо шиносномаи (дарознашуда) маъмулии кӯхнаи хориҷӣ ба Русия метавон сафар кард.
Туркия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки то анҷоми муҳлати амали шиносномаашон ҳамагӣ се моҳ боқӣ мондааст, низ қабул намекунад. Ин қоида дар кишварҳои минтақаи Шенген ҳам амал мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, шиносномаҳои аз ҷониби ВКХ додашуда то анҷоми муҳлати амали коршоямӣ ҳуҷҷати расмии шаҳрванди ҶТ мебошанд.
«Шиносномаҳои хориҷии намунаи пешин то ба охир расидани муҳлати коршоямӣ ҳуҷҷати расмии шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд ва аз ин рӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши билетҳо бо онҳоро боздошта наметавонанд, агар талаботи дохилии кишвари қабулкунанда вуҷуд надошта бошад», - гуфт манбаъ.
Таъкид мебояд кард, ки додани шиносномаҳои намунаи куҳна дар Тоҷикистон бо қарори президент моҳи январи соли равон боздошта шуд. Ҳамчунин ҳамин сол дароз кардани муҳлати шиноснома низ пурра боздошта шуд.
Шурӯъ аз соли 2009 шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба хоҳиш ва имкони молиашон метавонистанд шиносномаҳои намунаи куҳна ё нав дастрас намоянд.
Мушкили муҳоҷирон
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия қайд кард, ки хадамоти сарҳадбонии ин кишвар чандин маротиба шиносномаҳои Тоҷикистонро бо муҳри қалбакӣ дар бораи дароз кардани муҳлат ошкор намудааст. Ҳамчунин шиносномаҳои муҳлаташон дарозшуда бо муҳри қалбакӣ аз гумонбаршудагон ба узвият дар созмонҳои манъшудаи террористӣ низ дарёфт гардидааст.
«Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки дар баъзе фурудгоҳҳо, аз ҷумла шаҳри Маскав ҳукуматдорони Русия аз қабули шаҳрвандони тоҷик бо шиносномаҳои муҳлаташон дарозшуда дапст кашиданд. Дар он сатҳи ҳимоя пасттар буда, дар ин робита доимо мушкилот пайдо мешавад», - қайд кард ҳамсуҳбати мо.
Манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия зикр мекунад, ки муҳоҷирони дорои шиносномаҳои кӯҳна (ҳатто муҳлаташ дарознашуда) низ зимни гирифтани иҷозатномаи кор, маҳз патент ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
«Патенти кор дар Русия барои як сол дода мешавад. Агар муҳлати амали шиносномаи кабуд бо муҳлати патент мувофиқ бошад, ҳеҷ гуна мушкилие рӯйи кор намеояд. Аммо бисёр вақт чунин мешавад, ки муҳлати шиноснома аз муҳлати зарурӣ камтар аст, дар ин ҳолат ба муҳоҷир додани иҷозатномаи корро рад мекунанд ва ӯ маҷбур мешавад, ки боз аз нав шиноснома гирад», - қайд кард ҳамсуҳбат.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба муҳоҷирон маслиҳат медиҳад, ки зимни азми сафар доштан ба Русия барои коркунӣ, мувофиқи имкон шиносномаи нави биометрӣ гиранд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар вазорат, онҳо огаҳанд, ки бар асари нокофӣ будани муҳлати амали шиноснома, муҳоҷирон зимни дастрас кардани патент ба мушкилиҳо дучор мешаванд. «Бо ин сабаб вақте ки муҳоҷирон ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд, маҷбуранд, ки аллакай дар қаламрави Русия барои худ шиносномаи тоҷикии биеометрӣ гиранд, ки хароҷоташонро дучанд мекунад», - гуфт манбаъ.
Бо шиносномаҳои хориҷии «кабуд»-и муҳлаташон дарозшуда аллакай наметавон ба як қатор кишварҳо ворид шуд
Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аллакай бо шиносномаҳои намунаи кӯҳна (ранги кабуд), ки қаблан муҳлаташон дароз шудааст, билет намефурӯшанд. Шаҳрвандони кишвар барои он муҳлати шиносномаҳоро дароз мекунанд, ки барои гирифтани шиносномаҳои нави хориҷии биометрӣ имкон надоранд: арзиши дастрас кардани он 86 доллар аст (75 доллар – муқова ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ).
Ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ изҳор мекунанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷии кабуди муҳлаташон дарозшуда ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд. Минбаъд ба Украина низ роҳ нахоҳанд дод.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёт хабар дода, илова намуд, ки ҳукуматдорони Украина Тоҷикистонро расман огоҳ карданд, ки шаҳрвандони кишварро бидуни шиносномаҳои хориҷии биометрӣ қабул намекунанд.
Русия низ ба қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳлати шиносномаҳои кабуди хориҷиашон дароз шудааст, хотима бахшид.
"Чун 80%-и мусофирон ба самти Русия рост меоянд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбур шуданд, ки расман нуқтаҳои фурӯшашонро аз манъи фурӯши билетҳо бо шиносномаҳои муҳлаташон дарозшуда огоҳ кунанд», -гуфт манбаъ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ширкати «Сомон Эйр» ҳамин тавр рафтор кард: ба нуқтаҳои фурӯш нома ирсол гардид, ки дар он гуфта мешавад, «дар робита ба идомаи манъи вуруд/хориҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, ба шаҳрвандони дорои шиносномаи хориҷии муҳлати амалаш дарозшуда шурӯъ аз 16 октябр билет фурӯхта нашавад".
Котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки зимни убури сарҳади чанде аз кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шиносномаҳои хориҷии кабуди муҳлаташ дарозшуда доранд, ба қаламравашон роҳ намедиҳанд ва бозпас бармегардонанд.
"Мо маҷбур шудем, ки фурӯши билетҳо ба хатсайрҳои ширкатамонро бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи кабуди муҳлати амалаш дарозшуда боздорем», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, бо пешниҳоди шиносномаҳои хориҷии намунаи кӯҳна, ки муҳри дароз кардани амал надоранд, билет фурӯхта мешавад.
"Мо ҳам ба он манфиатдорем, ки шумори мусофирони ҳавопаймоҳо зиёду пурбор бошад, вале омилҳое ҷой доранд, ки ба убури марз дахл доранд ва ғайр аз ин, мо дар бораи осудагии мусофиронамон низ фикр мекунем», - қайд кард Хайруллоев.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав соли гузашта изҳор дошта буд, ки муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии намунаи пешини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар Русия қарор доранду то 1 июли соли 2016 аст, ба муҳлати як сол – то 1 июли соли 2017 дароз карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, муҳлати дарозшудаи амали шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тамоми ин муддат дар Русия қарор доранд, аллакай гузаштанд: касе, ки онро ба шиносномаи нави хориҷии биометрӣ иваз накардааст, бояд ҷиҳати гирифтани сертификати бозгашт ба Тоҷикистон ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ё консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ дар дигар шаҳрҳо муроҷиат намояд, вагарна онҳо қаламрави Русияро тарк карда наметавонанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо низ анҷоми расмиёти дароз кардани муҳлати амали шиносномаҳои намунаи куҳнаро боздошта, нашри онро ҳам умуман қатъ кардаанд.
Дар дохили ҷумҳурӣ имрӯз танҳо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ дода мешаванд. «Лекин ҳамаи шиносномаҳои хориҷии намунаи кӯҳна бидуни ягон дарозкунӣ то анҷоми муҳлати амалашон коршояманд», - гуфтанд дар ВКХ.
Ёдрас мекунем, ки арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон то муҳлати 15 рӯз тайёр шудан - 75 доллар ва 100 сомони боҷи давлатӣ, то муҳлати 7 рӯз – 150 доллар ва ҳамон маблағи боҷи давлатӣ ва то муҳлати 2 рӯз – 225 долар ва 100 сомонӣ боҷи давлатиро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса: дар Қирғизистон шиносномаи биометрӣ – 6 доллар ва дар Қазоқистон – 26 доллар арзиш дорад.
Хар як хориҷӣ бояд бидонад… Ё чӣ тавр аз қайд мебояд гузашт?
Ба қайди муҳоҷират гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ё сабти муваққатии хориҷиён расмиёти ҳатмӣ барои ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, сарфи назар аз раводид доштан ё надоштани ӯ мебошад. Яъне ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба қаламрави Русия ворид мешавад, барои ҳузури қонунӣ доштан дар ин кишвар ҳатман бояд худро дар хадамоти муҳоҷирати Сарраёсат оид ба корҳои муҳоҷирати ВКД Русия ба қайди муҳоҷират гузорад.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар чор шаҳри Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи мусобиқаи футболи Ҷоми Конфедератсия FIFA-2017 доир гардида, муҳоҷирон уҳдадор шуда буданд, ки ҳангоми вуруд ба ин шаҳрҳо дар муҳлати як шабонарӯз худро ба қайд гузоранд. Ин тартибот муваққатӣ ва муддати каме зиёдтар аз як моҳ давом кард.
Барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои ба қайд гузоштани муҳоҷирон дар Русия ба ҳуқуқшиноси Human Rights Center Tajikistan Улуғбеку Авезов муроҷиат намудем.
- Бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ миёни ТОҷикистону Русия муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия 15 шабонарӯз муқаррар шудааст. Барои огоҳ кардани ба қаламрави Русия омадан метавон бевосита ба мақомоти минтақавии ВКД муроҷиат намуд, то ки ба қайди муҳоҷират гузошта шавед ё метавонед бо хабари почтавӣ низ огоҳ намоед. Барои ин ба шуъбаи почтаи ҷойи хузуратон муроҷиат намуда, ҳамроҳ бо ҷониби қабулкунанда шиноснома ва корти мухоҷиратро пешниҳод мекунед ва бо хабари почтавӣ ба ВКД аз омаданатон хабар медиҳед.
Дар куҷо метавон худро ба қайди муҳоҷират гузошт?
Зимни сабти шаҳрванди хориҷӣ ва ба қайд гузоштани ӯ ба ҷойи омадааш, ҳам шаҳрвандони Русия, ҳам шаҳрвандони хориҷии доим муқими Русия ё шахсони бешаҳрвандӣ (иҷозати иқоматдошта), ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ, филиалу намояндагиҳои онҳо, ки шаҳрванди хориҷӣ амалан дар он зиндагӣ мекунад (қарор дорад) ё кор мекунад, ҷониби қабулкунанда шуда метавонанд.
Ҳангоми дар меҳмонхона сукунат доштани шаҳрванди хориҷӣ, маъмурияти меҳмонхона ҷониби қабулкунанда шуда метавонад, ки дар муддати як шабонарӯз мақомоти минтақавии ВКД-ро аз омадани ин шаҳрванд хабар медиҳад ва ҳамчунин ба анҷоми ҳамаи расмиёти марбут ба қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби онҳо масъул аст. Ба истилоҳи дигар, ҳар кадоме аз рӯйхати зикршуда метавонад ҷониби қабулкунанда буда, шаҳрванди хориҷиро ба қайд гузорад.
Бо тамоми масъалаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд:
- Хадамоти муҳоҷират дар Тоҷикистон: 225 05 81; 225 07 19.
- Намояндагии хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ дар Русия: Рақамҳо NGN - 44 (640) 19 51; 44 (640) 91 99;
Робитаҳо дар Маскав:
+7 495 967 98 44;
+7926 255 09 27;
+7968 399 0404;
+7 964 373 75 01; (Санкт-Петербург),
+7 906 329 28 28 (Қазон),
+7 967 326 68 43; (Сочи).