Овозхони маъруфи тоҷик Нобовар Чаноров доир ба шомил гардиданаш ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз аз ҷониби Кумитаи андоз норозигӣ изҳор намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» худи сароянда хабар дод, ӯ саривақт ва ҳар моҳ маблағи патентро барои амалисозии фаъолияти худ пурра пардохт мекунад.

Квитансия дар бораи пардохти маблағи андоз
Asia-Plus

«Хеле нороҳатам, ки маро ба сафи шахсони саркаш аз пардохти андоз дохил кардаанд. Ман ҳамеша саривақт маблағи патентамро пардохт мекунам. Бори охир онро санаи 26 декабри соли гузашта пардохта будам. Маблағи навбатиро барои моҳи январи соли равон ду рӯзи наздик пардохт хоҳам кард. Аз ин рӯ, аз пардохти андоз ягон қарзе надорам», - илова намуд сароянда.

Ёдрас мекунем, ки дар газетаи соҳавии Кумитаи андоз «Боҷу хироҷ» аз 18 январи соли ҷорӣ Нобовар Чаноров дар қатори боз 102 нафар овозхони дигар ба саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор мешавад.

Дар мавод зикр мегардад, ки «аксарияти ҳунармандон бино бар маърифати пасти андозсупориашон бо баҳонаҳои фаъолият намудан дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, роҳбарӣ намудани гурӯҳҳои алоҳидаи фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок намудан дар чорабиниҳои давлатӣ аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ намуда, бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул мебошанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.