Қарори болоравии нархи роҳикро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ки аз 20 феврал ҷорӣ гардида,бо дастури дастгоҳи шаҳрдорӣ то 1 март мавқуф гузошта шуд, аз 1 март мавриди амал қарор мегирад.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт қаблан мавриди амал қарор гирифтани болоравии нархҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мавқуф гузошт. Ивазшавии нархҳо аз 20 феврал ба нофаҳмӣ миёни ронандагону мусофирон боис гардида, шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки вазъро баррасӣ мекунад.

«То ин вақт мақомоти шаҳрдорӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ миёни аҳолӣ ва ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, вазъи мавҷуда бори дигар мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад», - гуфта буд як манбаъ аз бахши нақлиёти шаҳрдорӣ.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ доданд, ки баъди гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондадиҳӣ, қарор аз пагоҳ, 1 март мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Нархи роҳкиро дар дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам, автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда - 1 сомониву 50 дирам ва дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шуд.

Аз 15 декабри соли 2017 ба истиснои таксӣ, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла маршруткаҳо  дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо, барои донишҷуён - 30 фоиз ва барои дигарон 15 фоиз тахфифҳо пешниҳод мешавад.

Зикр гардид, ки тарифҳои нав бо хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои машғул ба мусофирбарӣ мувофиқа шуда, ширкатҳо уҳдадор шуданд, ки минбаъд автомашина танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта шуда, мусофирон низ фақат аз рӯи шумори ҷойҳои нишаст гирифта мешаванд.

Ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар ҳамчунин ба риояи меъёрҳои санитарӣ дар автомашинаҳо уҳдадор шуда, дар дохили автомашина бояд варақаҳо дар бораи хатсайр ва рақами телефонҳои ҳамаи мақомоти марбута ҷой дошта бошанд. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар бояд қотеъона додани бақияпулӣ ба мусофиронро таъмин кунанд.

Ба иттилои манбаъ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар тамоми маршруткаҳои Душанбе таҷҳизоти хизматгузории экспресс-кортҳо(QR-Kod) насб хоханд шуд, ки мушкилоти ба таври автоматӣ баргардонидани бақияпулӣ ба мусофиронро ҳал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.