Дар баробари болоравии арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, қоидаҳои нав, аз ҷумла нигоҳ доштани воситаи нақлиёт танҳо дар истгоҳҳо ва аз ҷойи нишасти автомашина зиёд нагирифтани мусофирон низ мавриди амал қарор гирифтанд.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет аз ҷорӣ шудани чунин қоидаҳо изҳори хушнудӣ карда, чанди дигар изҳор доштаанд, ки дар ҳамин ҳол, барои ба мусофирбар нишастан дар истгоҳҳо зиёд интизорӣ кашидаанд.

Бино ба маълумоти КВД «Душанбенақлиётхадамот расон», рӯзи 1 март дар кӯчаҳои пойтахт 1900 микроавтобус, 180 автобус ва 71 троллейбус ба хатсайр баромадаанд.

«Шумори нақлиёт дар хатсайри №8 бо иловаи 5 адад автобусҳои «AKIA» ва хатсайри №18 бо иловаи 5 автобуси нави тамғаи «Isuzu» зиёд шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 1 март ба корхонаҳои «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус», ҳамчунин 13 ширкати хусусӣ қариб 73 ҳазор сомонӣ пул бо танга тақсим карда шудааст, то ки зимни додани бақияпулӣ байни ронанда ва мусофирон нофаҳмӣ ба миён наояд.

«Агар ошкор шавад, ки ронандагон бақияпулиро надодаанд, дар мавзеи дур ё наздик аз истгоҳ автомашинаро боздоштаанд ё аз ҷойи нишаст зиёд мусофир гирифтаанд, онҳо ҷарима шуда, аз рақами «зард» (ба мусофиркашонӣ ҳуқуқ медиҳад - «Азия-Плюс») маҳрум карда мешаванд», - иброз доштанд дар корхона.

Ҳамчунин қайд шуд, ки аз 1 март дар пойтахт корти ягонаи пардохт мавриди амал қарор гирифт, ки тариқи он меавон роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро пардохт намуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Нархи роҳкиро дар дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам, автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда - 1 сомониву 50 дирам ва дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.