Аллакай муддати чандин сол аст, ки дар бораи Гулнора Каримова, духтари нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов маълумоти боэътимоду саҳеҳ пайдо кардан душвор аст.

Рӯзи 4 апрел The New York Times таҳти унвони «Гугуша - «духтари аввал»-и гумшуда аз Ӯзбекистон дар куҷост?» мақола нашр намуд.

Бо истинод ба ин нашрия CA-NEWS қайд мекунад, ки Гулнора Каримова то ҳол аз мақбараи падараш боздид накарда, дар маросимҳои гӯручӯб ва дигар расму оинҳои таъзияи падараш низ ҳузур надошт. Ӯ соли 2014 бедарак шуд.

«Аксарият бар ин назаранд, ки Гулнора Каримова даргузашта, ваҷҳу далелҳое, ки ин фарзияро инкор кунанд, мавҷуд нестанд, - қайд мешавад дар мақола. - Чанде аз хешону наздикони Гулнора мехоҳанд, ки аз аҳволи ӯ воқиф шаванд».

Коршиносони Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ ба нашрия изҳор намудаанд, ки дар мавриди ин масъала ҳатто собиқ ҳамсари Гулнора - амрикоии ӯзбеку афғонтабор Мансур Мақсудӣ аз онҳо кумак хостааст.

Айни замон Мансур хоҳони он аст, ки аз макони будубош ва вазъи зиндагии собиқ ҳамсараш огоҳ бошад. Ҳамчунин Ислом, писари Гулнора низ шикоят дорад, ки тибқи маълумоти доштааш, модарашро аз робита бо ҷаҳони беруна маҳрум кардаанд.