Мақомоти шаҳрдории Душанбе доир ба таъмири роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тендер эълон кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, роҳ аз VIP-зали фурудгоҳи байнулмилалӣ то меҳмонхонаи Душанбе ва дар идома тариқи тамоми маркази шаҳр то Донишгоҳи аграрӣ бояд таъмиру навсозӣ шавад.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки намо (фасад)-и чанде аз биноҳо дар маркази шаҳрро, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудаанд, низ таъмиру навсозӣ кунад, аз ҷумла биноҳои истиқоматии ҳаштошёнаи рӯ ба рӯи маҷмааи «Кохи Ваҳдат» (Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96).

Биноҳои истиқоматии ҳаштошёнаи замони шӯравӣ бунёдшуда

Дар бораи чӣ қадар ҷудо шудани маблағ аз буҷети шаҳр барои анҷоми корҳои зикршудаи таъмиру навсозӣ аз мақомоти шаҳрдорӣ маълумот надоданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳамин васила маркази пойтахтро барои баргузории нишасти сарони кишгварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, омода мекунад.

Ғайр аз ин, нимаи дуюми соли равон дар Душанбе нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.