Нархи сафари ҳаҷи имсола ба маконҳои муқаддаси ислом барои тоҷикистониён муайян шуд.
Имсол он 89 доллар қиматтар аз соли гузашта буда, 3 ҳазору 712 доллар (33 ҳазору 410 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
«Арзиши сафари ҳаҷ аз ҳисоби болоравии нархи кори ширкати хизматрасон боло рафт», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, ба арзиши сафар нархи билети ҳавопаймо ба ҳарду самт, суғуртаи тиббӣ, харҷи ғизо ва иқомат лар меҳмонхонаҳои Макка ва Мадина, таъмин бо роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмин бо ҷузвдон ва ғайра дохил мешавад.
«Имсол ба зойирин ба ҷойи сарулибоси ягона 4 метр матоъ медиҳанд, ки нархи он низ ба маблағи умумӣ дохил мешавад», - шарҳ дод сухангӯи Кумита.
Маблағи зикршударо зоийирин дар дафтари кори марказии ҶСК “Ориёнбонк” ё филиалҳои он дар маҳалҳо пардохт карда метавонанд.
Гурӯҳи аввали ҳоҷиён тариқи хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Флай Нас” охири моҳи май аз Душанбе ва Хуҷанд ба сафар мебароянд.
Бино ба маълумоти Кумита, соли равон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуда метавонанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Душанбе: когда появился первый универмаг, автобус и памятник?
Санатории Таджикистана: где отдохнуть и во сколько это обойдется?
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста