Шаҳри Санкт-Петербург то охири соли 2018 ба қабули 50 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ, ки пешакӣ дар марказҳои махсус дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо дархости корфармоҳо интихоб мешаванд, омодагӣ мегирад, хабар додааст дар мусоҳиба ба «Ведомости» раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Петербург Дмитрий Чернейко.
Бино ба маълумоти АИ «Фергана», гурӯҳи аввали беш аз садҳо нафари иборат аз коргарони ёридиҳанда, андовагарон, хиштчинон ва рангуборчиён, ки дар маркази омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар Самарқанд интихоб шудаанд, аллакай ба Петербург омадаанд.
Ин марказ охири соли 2017 тибқи созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Ӯзбекистон боз шудааст. Оператор аз ҷониби Русия Маркази захираҳои кории Петербург аст. Аз соли 2015 чунин марказҳои ҷалби муташаккилона дар Тоҷикистон низ амал дошта, ифтитоҳи боз ду чунин марказ дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Вазифаи ин марказҳо - интихоби муҳоҷирон мувофиқи ниёзи корфармоҳо мебошад. Дар марказҳо муҳҷиронро барои ҷойи кори мушаххас омода карда, дар ҳамаи марҳилаҳо - пешвоз дар фурудгоҳ то ба расмият даровардани ҳуҷчатҳо ва таъмин бо манзил кумак мекунанд. Шахси интихобшуда аз забони русӣ имтиҳон месупорад, нисбаташ санҷишҳо, аз ҷумла тиббӣ сурат гирифта, худро ба расмият медарорад, полиси суғурта ва билет мехарад.
Мувофиқи ҳисобу китобҳо, 140 ҳазор муҳоҷирон аз Ӯзбекистон соли 2017 дар Петербург патент харидаанд (ҳамагӣ 238 ҳазор патент харида шудааст), ки 70% аз шумори умумии ҳамаи муҳоҷирон аз кишварҳои бераводидро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳр дар шакли пешпардохтҳо аз даромади муҳоҷирони дорои патент 6,6 млрд. рубл маблағ ворид шудааст.
Зимни интихоби мутахассисон ва таҷрибаи суҳбати фосилавӣ кор гирифта мешавад, ки ба пурсиши даҳҳо доваталабон аз минтақаҳои гуногун бо харҷи ҳадди камтарини вақт ва захираҳо имкон фароҳам меоварад.
Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии Ӯзбекистон ният дорад, ки дар ҳафт минтақаи Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Ростов ва дигар шаҳрҳо намояндагии худро боз намояд.
Чанде қабл Думаи давлатӣ ба ивази сангинтар кардани чораҳои ҷазо нисбати муҳоҷирон, ки аз ҷониби Вазорати адлия пешниҳод шуд, роҳандозии муҳоҷирати кориро тибқи дархости пешакӣ (ҷалби муташаккилона) ҳамчун тарзи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавсия дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста