Ба моликони 11 мағозаи китобфурӯшӣ дар ошёнаи якуми хонаи баландошёна дар хиёбони Рӯдакӣ, ки муддати 5 сол ин ҷо кор мекарданд, то рӯзи шанбе муҳлат додаанд, ки мағозаҳояшонро холӣ кунанд, лекин кӣ ба ҷойи онҳо меояд, алҳол маълум нест.
Натанҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ, балки дигар нуқтаҳои фурӯши воқеъ дар мавзеи аз хиёбони Рӯдакӣ ва гардиш ба кӯчаи Бухоро, аз ҷумла “Галереяи сангҳои қиматҳои Рухом”, фурӯшгоҳи “Глобус” ва чанд мағозаи ба ин монанд дар муҳлати муқарраршуда бояд биноҳояшонро холӣ кунанд.
Ба гуфтаи иҷорагирон, рӯзи 7 сенябр бо ҳузури намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амволи Душанбе ва ҳуқуқшиноси молики нав маҷлис барпо ва зикр гардидааст, ки акнун ошёнаи якум хусусӣ гардонида шуда, нархи маблағи иҷора боло меравад. Қобили зикр аст, ки то ин дам барои 1 метри мураббаъ иҷорагирон 47 сомониву 24 дирам маблағ пардохт мекарданд.
Сипас санаи 8 сентябр боз маҷлис барпо шуда, шарти нав гузошта шуд – молики нав дар ин ҷо дафтари кории ширкати худро боз мекунад ва аз ин рӯ, биноро холӣ кардан даркор аст.
Фурӯшандагон мегӯянд, муҳлати шартнома охири сол ба итмом мерасад. Шартнома байни се ҷониб – иҷорагири бино, намояндагони шуъбаи Кумитаи амволи шаҳрдории Душанбе ва ташкилот оид ба фурӯш ва паҳнкунии китоб ва дигар нашрияҳои чопӣ ба имзо расида буд.
Бо кадом сабаб шартнома якҷониба бекор шуд, маълум нест, - мегӯянд фурӯшандагон. - Лекин ба мо маълум шуд, ки молики нави толори фурӯшгоҳ ширкати “Фароз” аст.
Огоҳӣ набуд?
Роҳбари шуъбаи Кумитаи амволи шаҳрдории Душанбе Ҷаҳонгир Одинаев мегӯяд, бозбинии қарор дар бораи шартнома чанд моҳ пеш бар асоси қонун дар бораи моликияти хусусӣ ва бо сабаби аз ҷониби чанде аз иҷорагирон иҷро накардани ухдадориҳои худ, аз ҷмула саривақт пардохт накардани маблағи иҷора сурат гирифта буд.
- Зиёда аз як моҳ пештар иҷорагиронро дар бораи хусусигардонии бино огоҳ карда, ба онҳо варианти алтернативӣ пешниҳод намудем, ки ё ба бинои Душанбе-Плаза бикӯчанд, ё ба маҷмааи Наврӯзгоҳ ва ё мустақилона барои худ ҷойи дигар биёбанд, - иброз дошт ӯ.
Дар ин робита мо бори дигар ба фурӯшандагон занг задем ва онҳо қотеъона изҳор доштанд, ки дар бораи огоҳӣ ва кадом як пешниҳоде бори аввал мешунаванд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ширкати “Фароз” Дилором Раҳимова низ овозаҳои гӯё аз ҷониби ширкат хусусӣ гардонида шудани ошёна якуми ин биноро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, “ раҳбарияти ширкат аз чунин овозаҳои беасос нигарон буда, имрӯз ман шахсан ба мағозаҳои китобфурӯшӣ меравам, то ки аз куҷо пайдо шудани ин овозаҳоро бифаҳмам”.
Айни замон фурӯшандагони мағозаҳо ва аллакай “собиқ иҷорагирон” зери мактуб-муроҷиатнома ба унвони раиси шаҳри Душанбе имзо ҷамъоварӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Душанбеи дорои беш аз 1 млн. нафар аҳолӣ мағзаҳои китобфурӯшӣ ниҳоят кам аст. Тавре ба мо аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, дар пойтахт ҳамагӣ 25 нуқтаи фурӯши китоб ва нашрияҳои чопӣ мавчуд аст. Агар барои ин 11 нуқтаи фурӯш, ки кӯчониданашон пешбинӣ шудааст, ҷой ҷудо карда нашавад, пас нисфи нуқтаҳои фурӯши китоб аз байн меравад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.