Дар ҷаҳони муосир бидуни кумаки ҳуқуқӣ душвор аст, ҳатто масоили маишӣ низ ҳаллу фасли ҳуқуқиро талаб карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, сарфаҳм рафтан ба нозукиҳои қонунгузорӣ аксаран барои шахси оддӣ мушкил аст, аз ин рӯ, сарфи назар аз ҳаҷми даромад ва мақоми иҷтимоӣ, ба ҳар як шаҳрванд дар сурати пайдо шудани масоили ҳуқуқӣ кумаки ҳуқуқшинос лозим меояд. Дар кортҳои худ дар бораи аз куҷо дастрас кардани чунин кумак маълумот медиҳем, бахусус агар барои пардохти маблағи ҳуқуқшинос пул надошта бошед.
Дар бораи чӣ сухан меравад?
Хотиррасон карданием, ки дар Тоҷикистон моделҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар доираи амалисозии Консепсияи расонидани кумаки бепули ҳуқуқуӣ мавриди озмоиш қарор дошта, мувофиқи он ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста ба имкони пардохт кардан ё накардани маблағи хизматрасонии ҳуқуқшинос, ба гирифтани кумаки аввалияи ҳуқуқӣ (аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ) комилан бепул ҳуқуқ дорад. Тарзи истифодаи шаҳрвандон аз хизматрасонии адвокат бепул дар парвандаҳои ҷиноятӣ бо санади алоҳида танзим мешавад.
Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон бепул кумаки аввалияи ҳуқуқӣ гирифта метавонанд?
Айни замон шаҳрвандон бо муроҷиат ба дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ метавонанд кумаки аввалияи ҳуқуқиро дастрас намоянд. Лекин зимни расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат ва осебпазир афзалият дода мешавад. Ҳозир кофист, ки ба таври шифоҳӣ ба дафтари кории давлатии ҳуқуқӣ бо масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намоӣ. Аммо ояндаи наздик ба шаҳрвандони хоҳишманди гирифтани кумаки ҳуқуқӣ лозим меояд, ки мақоми ҳуқуқии худро тасдиқ кунанд:
• Шаҳрванди бекор, ки дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст (маълумотномаро метавон аз Маркази шуғли аҳоли Душанбе ва шуъбаҳои он дар минтақаҳо дастрас намуд);
• Шаҳрванди камбизоат, ки даромади моҳонааш барои як нафар 175 сомониро ташкил медиҳад (маълумотномаи тасдиқи мақоми шаҳрванди камбизоатро дар шуъбаи таъмини нафақаи маҳалли зист метавон дастрас намуд);
• Шаҳрванд – зан, ки яккаву танҳо кӯдаконро тарбия мекунад (маълумотномаро аз шуъбаи маҳалли САҲШ метавон дастрас кард);
• Шаҳрванди ноболиғ, ки сарпараст ё саробон надорад (маълумотномаро аз шуъбаи маҳаллии милитсия метавон дастрас намуд);
• Шаҳрванди маъюб (маълумотномаро дар шуъбаҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ гирифтан мумкин аст);
• Шаҳрванди синнусоли нафақа (маълумотномаро аз шуъбаи таъмини нафақаи маҳалли зист гирифтан мумкин аст);
• Шаҳрванди ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила ё шиканҷа, ҳамчунин аъзои оила ва наздикони ӯ (маълумотномаро аз шуъбаи милитсияи маҳалли зист ё мувофиқи қарори суд метавон дастрас намуд);
• Шаҳрванди осебдида зимни иҷрои хизмати ҳарбӣ, волидон ва аъзои оилаи ӯ (маълумотномаро метавон аз шуъбаи милитсияи маҳалли зист дастрас намуд);
• Гурезаҳо (мақомро метавон дар комиссияи махсуси назди ВКД Тоҷикистон тасдиқ кард).
Хуб, агар ман ба кумаки ҳуқуқиии бепул дастрасӣ дошта бошам, ба куҷо муроҷиат кунам?
Ба дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ, ки айни замон дар 18 шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ фаъолият доранд: дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳатто дар ВМКБ – шаҳри Хоруғ. Дар Душанбе алҳол чунин дафтари корӣ нест, зеро дарвоқеъ нисбат ба пойтахт дар минтақаҳо шаҳрвандон бештар ба кумаки бепули ҳуқуқӣ ниёз доранд.
Барои дарёфти суроғаи дафтарҳои кори давлатӣ, ки дар маҳалли зистатон фаъолият доранд, метавонед ба рақами телефони: +992 (37) 225-16-77 занг занед. Ин рақами Маркази кумаки ҳуқуқӣ дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон аст, ки фаъолияти ҳамаи дафтарҳои кории давлатиро танзим мекунад.
Ягон хати доимо фаъол ҳаст, ки ба он занг зада, кумаки бепули ҳуқуқӣ дастрас намоӣ?
Ҳаст: моҳи ноябри соли 2014 хати доимо фаъол оид ба пешниҳоди машваратҳои бепули ҳуқуқӣ барои қишри осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
Бо рақами бепули «3040» барои ҳамаи операторони мобилии кишвар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 аз рӯи масъалаҳои оилавӣ, мерос, замин ва ҳуқуқи маъмурӣ, ҳамчунин доир ба масъалаҳои фаъолияти Вазорати адлия ва воҳидҳои сохтории он машварати ҳуқуқӣ дода мешавад.
Агар маро дар содир кардани ҷиноят гумонбар донанд, оё метавонам кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирам? Чӣ тавр?
Бале метавонед. Кумаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ (ҳимоя аз айбдорӣ дар тафтишот ва суд)-ро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ шахсони зерин гирифта метавонанд:
агар гумонбар, айбдоршаванда ва судшаванда ноболиғ бошанд;
агар гумонбар, айбдоршаванда ва судшаванда бо сабаби корношоямии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ мустақилона ҳуқуқи худ ба ҳимояро амалӣ карда натавонанд;
агар гумонбар, айбдоршаванда ва судшаванда забони корбарии истеҳсолоти судиро надонанд;
агар айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба мақомоти тафтишот саркашӣ кунад;
агар шахс ба содир намудани ҷинояте айбдор шавад, ки ба сифати ҷазо ҳукми қатл ё ҳабси абад пешбинӣ гардида бошад;
гумонбар, айбдоршаванда ё судшаванда, ки даромади моҳонааш ба ҳар сари аъзои оила камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил диҳад;
иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони баробаршуда ба онҳо, ҳамчунин шахсоне, ки аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил осеб дидаанд, афроди саробонашонро гумкарда замони ихтилофҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурезаҳо.
Дар сурати боздошти шаҳрванд дар ноҳияҳои озмоишӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – бозпурсанда, муфаттиш ё судя ба Маркази хизматрасонии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” ё “Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон” бо талаби таъмини боздоштшуда/айбдоршаванда бо адвокат муроҷиат мекунанд. Марказҳои хизматрасонӣ 24 соат шабонарӯзӣ кор мекунанд. Бо гирифтани дархост онҳо дарҳол барои шаҳрванде, ки ба ҳимоя аз айбдорӣ ниёз дорад, адвокат (ҳимоягар)-ро мефиристанд.
Ояндаи наздик бо мақсади расонидани кумаки дуюмдараҷаи бепули ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ марҳила ба марҳила тавсеъа бахшидани ноҳияҳои озмоишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар охири марҳилаи озмоишӣ соли 2019 интихоби модели беҳтарин дар назар аст, ки дар саросари кишвар мавриди истифода қарор мегирад.
Чаро давлат тасмим гирифт, ки бепул кумаки ҳуқуқӣ расонад?
Чунки ин ба манфиати давлат аст. Бубинед: аввалан дастрасӣ ба адолати судӣ барои ҳамаи қишри аҳолӣ ба болоравии сатҳи маърифатнокии ҳуқуқи аҳолӣ мусоилат намуда, ҳамчунин сарбории мақомоти судии кишварро кам мекунад, зеро сиёсати ҳуқуқии кишвар бо шумули Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ моҳиятан ба ҳаллу фасли мушкилоти шаҳрвандон то марҳилаи баррасӣ дар мурофиаи судӣ нигаронида шудааст.
Дуюм, таҷриба гувоҳи он аст, ки агар шахс саривақт мушкилоти ҳуқуқии худро ҳал накунад, дар умқи охири ҷомеа қарор мегирад. Ва бо эҳтимоли зиёд давлат дигар аз ӯ ҳеҷ гоҳ манфиате намебардорад, баръакс уҳдадор мешавад, ки ӯро аз лиҳози иҷтимоӣ дастгирӣ кунад, ки аз пешниҳоди ҳуқуқшиноси бепул бамаротиб гаронтар меафтад. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон муҳимияти кумаки ҳуқуқиро ба низоми тандурустӣ ё маориф муқоиса мекуенанд.
Маҳз барои ҳамин дар Консепсия таъсиси дафтарҳои кории давлатии доимо амалкунанда оид ба расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва марказии кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо мутахассисони варзида фаъолият хоҳанд кард. Дар ниҳояти кор бояд ҳамаи кишвар бо кумаки ҳуқуқӣ фаро гирифта шавад.