Барои омодагӣ ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолии саросари Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзҳои 10-24 октябр дар ду маҳаллаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар шаҳри Норак маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
“Аз 10 то 24-уми октябри соли 2018 ҷиҳати татбиҝи лоиҳаи барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар маҳаллаҳои 64 ва 91-уми шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад”, - хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Воситаҳои зарурӣ барои баргузор намудани ин маъракаҳо дар моддаи алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
Фармони Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» моҳи октябри соли 2015 ба имзо расид.
Маблағгузорӣ ба баргузор кардани ин маърака аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳар 10 сол барӯйхатгирии нав
Ёдрас мекунем, ки бори охир барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 доир гардид.
То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар зиёдтар аст.
Барои баргузор намудани ин маърака он замон аз буҷети давлатӣ 27 млн. сомонӣ (беш аз 6,1 млн. доллар) маблағ ҷудо гардида, ба кор дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷалб шуданд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон ҳар як 10 сол маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад.
Ба аввали соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дод. Моҳи май дар ҷумҳурӣ сокини 9 миллионнафара ба дунё омад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Таджикистан выступил в ООН с инициативой по регулированию искусственного интеллекта
«Global Gateway» в Центральной Азии: визит комиссара Йозефа Сикела будет направлен на совместные проекты развития
Администрация Трампа прекратит реализацию 83% программ USAID
В Таджикистане получили налоговые льготы работодатели, трудоустраивающие лиц с инвалидностью
Таджикистан vs Узбекистан. Сколько стоят футбольные чемпионаты и игроки двух стран?
Эмомали Рахмон посетит Кыргызстан с государственным визитом
Таджикистан вошел в группу стран с низкой угрозой терроризма
Всемирный банк: Таджикистан – лидер по доле денежных переводов в экономике
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2025 года
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста