Волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни тифли хуштолеъ дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ дар таваллудхона тақдим гардида буд.
Тифли 9 миллионаи Тоҷикистон, ки номашро Насбиба гузоштанд, соати 06-30 дақиқаи субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷонова мебошад.
Назира Муллоҷонова дорои маълумоти олӣ буда, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вазифаи мутахассис фаъолият мекунад. Фарзанди дуюми ӯ аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонид.
Назира Муллоҷонова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омаданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзғор таъмин карда шуданд.
Хонаи истиқоматӣ барои волидайни тифли 9-миллионаи Тоҷикистон дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 ҷудо карда шуд.
Волидайни тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд арзи сипос намуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Таджикистанцев призвали не брать у незнакомцев никаких посылок и документов
Сироджиддин Насриддинов — дипломат и первый посол Таджикистана в России отмечает 85-летие
Пять лет Covid-19: Позитивные аспекты «крупнейшего психологического эксперимента в истории»
В СНБО Украины назвали самую массированную атаку дронов на города России «сигналом Путину»
В День таджикской печати 9 журналистов получили премию имени Лохути
Бывшего президента Филиппин Родриго Дутерте арестовали по ордеру МУС
Год вызовов и побед: чего добилась "Азия-Плюс" в 2024 году
Пешком, верхом, на машине и по воздуху: Древние маршруты Таджикистана и Центральной Азии
В Саудовской Аравии начались переговоры Украины и США
Администрация США запустила приложение для "самодепортации" мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста