Сокинони шаҳри Хоруғ, ки идораи “Азия-Плюс” бо онҳо тариқи телефон тамос гирфт, изҳор намуданд, ки ба покдилӣ ва имконоти раиси нави ВМКБ Ёдгор Файзов бовар доранд. Дар ҳамин ҳол, онҳо хамчунин мегӯянд, болои аҳолии маҳаллӣ каме фишор ҳам эҳсос мешавад.
Ҳамсуҳбатони мо - сокинони шаҳри Хоруғ нахостанд, ки ному насабашон ифшо гардад. Ба қавли онҳо, аз 1 октябр, вақте Файзов бо фармони президент ба ин мансаб таъин шуд, то кунун ӯ ҳамарӯза бо аҳолии шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.
Раиси нави вилоят бо намояндагони ҷавонони шаҳр, вакилони Маҷлиси шаҳр, фаъолони вилоят, занон ва пирони рӯзгордида мулоқотҳо барпо намуда, бо онҳо роҳу воситаҳои таъмини волоияти қонун дар Хоруғ ва ба сурати умум ба тартибу эътидол овардани вазъ дар маркази маъмурии вилоятро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи як зан, сокини шаҳри Хоруғ, ки бо вазъ дар вилоят аз наздик ва хуб ошно аст, масалан зимни вохӯрӣ бо собиқ фармондеҳони саҳроӣ раиси вилоят онҳоро ба ихтиёрӣ супурдани аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёр доштаашон даъват намуд.
“Собиқ фармондеҳони саҳроӣ изҳор намуданд, ки дигар ҳеҷ силоҳе дар ихтиёр надоранд. Раиси вилоят гуфт, тибқи маълумоти мавҷуда, дар дасти аҳолӣ боз як миқдор аслиҳаву муҳимот боқӣ монда, барои супардани он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ мебояд дод, вагарна, баргузории амалиёти махсуси мусодираи он ногузир мешавад”, - гуфт ин зан.
Ҳамаи ҳамсуҳбатони “Азия-Плюс” якдилона изҳор доштанд, ки аксарияти кулли аҳолии Хоруғ аз иқдомҳои раиси нави вилоят ҷонибдорӣ намуда, лекин ҳамзамон аз он норозианд, ки вазъ боз нотинҷ мешавад.
“Ин ба он вобаста аст, ки муҳлати додаи президент ба сохторҳои қудратӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ҷиҳати ислоҳи вазъ дар вилоят ба охир мерасад, - мегӯяд сокини маҳаллӣ. – Талаби супурдани аслиҳа аз аҳолӣ идома дорад. Дар акси ҳол, аз баргузории амалиёти махсус ҳарф мезананд. Масалан, чанд рӯз пеш худи Файзов ҳам дар ин бора гуфта буд”.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, айни замон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ навбатдории шабона роҳандозӣ шуда, “онро бекор накарданд ва қарор доданд, ки то 15 октябр - вақти аз шаҳр бароварда шудани низоммиён, ки аллакай як моҳ боз дар Хоруғ қарор доранд, интизор шаванд”.
“Ҳозир то 16 октябр муҳлат доданд ва агар ҳамаи аслиҳаи боқимонда супурда ншавад, ҳамаи хонаҳо кофтуков карда мешавад”, - мегӯянд сокинон.
Сокинони шаҳр бовар доранд, ки “бидуни баргузории ягон амалиёти махсус ё ҳодисаи ногуворе, амнияту тартибот” дар Хоруғ таъмин карда мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Кем был редактор самой массовой газеты в истории Таджикистана?
Казахстан помог Таджикистану мазутом и продуктами питания
Как десять Пентагонов. Китай построит крупнейший в мире подземный военный комплекс
Гражданам Таджикистана разрешили пересекать российско-белорусскую границу наземным транспортом
Пятерка производителей электроэнергии Таджикистана. Кто сколько выработал в 2024 году?
Воздух в Таджикистане стал чище? Так утверждают в руководстве Госкомприроды
Доктор Косимзода: «Проказы в Таджикистане нет, но мы должны быть начеку»
Имамы в Кыргызстане разрешили Минздраву пересаживать органы трупов
TIKA реализовало проект по обучению компьютерной грамотности сотрудников пенитенциарной системы Таджикистана
Чтобы отблагодарить и приучить к чистоте: в Душанбе завершилась экологическая кампания #OzmuniSabz2024
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста