Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонидани бинои мағозаи “Олами китоб” (собиқ Олами кӯдакон) дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҷойи ин бино ширкати “Шаҳри зебои ман” сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматиро ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре чанде аз сокинони ин бино ба “Азия-Плюс” хабар доданд, онҳо ба шартҳои ширкати сохтмон розӣ набуда, аз ин рӯ, дар мавриди кӯчонидани бино ба прокуратура эътироз овардаанд.

“Барои як метри мураббаъи хонаҳоямон ба мо 600 доллар пешниҳод мекунанд, лекин мо 1,5 ҳазор доллар талаб дорем”, - гуфтанд онҳо.

Сокинон изҳор намуданд, ки аввали соли равон намо (фасад) ва низоми обтаъминкунии бино аз ҳисоби буҷети шаҳр пурра аз таъмир бароварда шуд.

“Агар кӯчонидани бино ба нақша гирифта шуда бошад, пас чаро ба таъмири он пулҳои буҷет харҷ шуданд? Ин биноро метавон ба рӯйхати мероси арзишманди меъмории шаҳри Душанбе дохил кард”, - чунин мешуморанд сокинони бино.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо намояндагони ширкати “Шаҳри зебои ман” тамос гирифта, шарҳи онҳоро бобати ин масъала пешниҳод намояд.

1/9

Ин бино нимаи солҳои 50-ум сохта шуда, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами кӯдакон” (Детский мир) ва дар ошёнаҳои боло манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир аст. Замоне дар ин хонаҳо сиёсатмадорону нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо ва арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз зумраи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов, ҳунармандони халқӣ Тӯтӣ Ғаффорова, Маргарита Қосимова, нависанда Ҳабибулло Назаров ва дигарон зиндагӣ кардаанд.

Нимаи солҳои 80-ум мағозаи “Олами кӯдакон” ба мавзеи наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) кӯчонида шуда, ба ҷойи он универмаги “Олами китоб” кушода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.