Дар Душанбе боз як порае аз таърихи умумии мо – бинои собиқ фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” (Детский мир”) ва солҳои охир мағозаи “Олами китоб” (Книжный мир) аз байн бурда мешавад. Мо барои шумо маҷмӯаи суратҳои кӯҳна дар бораи ҷӣ гуна сохта шудан ва намуди пештараи онро таҳия намудем.
Фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” дар майдони ба номи Айнии шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 1957 ифтитоҳ гардид. Бинокорон сохтмони ин биноро дар муҳлати рекордии ду сол ба муносибати 40-солагии Инқилоби Октябр ба итмом расонида, ин фурӯшгоҳи бузаргтарин барои кӯдакон дар пойтахти Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Лекин чун аксари биноҳои шӯравӣ дар пойтахти мо ин бино ҳам дарозумр намешавад. Барои чанд насли душанбегиҳо кӯчонидани яке аз биноҳои хотиравии шаҳри мо талафоти калон мешавад.
Расо 61 сол пеш, соли 1957 дар матбуоти шаҳр суратҳо ба муносибати рӯзҳои аввали кори фурӯшгоҳ нашр шуда буданд, ки дар зер манзуратон мегардонем.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.