Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе, тасмим гирифт, ки шумори воситаҳои нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес-Бенс» (маршруткаҳо)-ро дар хатсайрҳои пойтахт маҳдуд намояд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 3 декабр дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 - Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд.
Гуфта мешавад, дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор") низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, равуои автобусҳои хатсайри №10 роҳандозӣ гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ-Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда шуд.
Ҳамзамон шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуда, вале ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр ба роҳ монда нашуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
В Афганистане талибы разрешили вещать женской радиостанции
ЕС одобрил 16-й пакет антироссийских санкций: еще 13 банков отключат от SWIFT
«Шкаф» – «тумбочка» и «короче» – «просто». Как перевести распространенные русские слова на таджикский?
Новый глава Социалистической партии Таджикистана: «Мы хотим обрести власть через парламент»
В Пенджикенте возбудили дело против мужчины, напавшего с ножом на девочку
В Азербайджане закрыли информагентство Sputnik – представительство «России сегодня»
Как Саудовский принц Мухаммад бин Салман взялся помирить Россию и США
Австралия ввела крупнейший с начала войны пакет санкций в отношении России
Узбекистан и Афганистан достигли соглашения о строительстве железной дороги Хайратон – Герат
Время записаться на приём к врачу в медцентрах «Гемотест»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста