Автобусҳои нав, ки аз Туркия тариқи қаламрави кишварҳои Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Душанбе оварда мешаванд, 75% барои истифода омода буда, 25%-и корҳои васлу насбашон дар корхонаи истеҳсоли автобусҳои пойтахт «AKIA-AVESTO» анҷом дода мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, мақомоти шаҳрдорӣ барои овардани автобусҳо ронандагон киро карда, онҳо аллакай ба Туркия раҳсипор шудаанд.
Қобили зикр аст, ки байни мақомоти шаҳрдории Душанбе ва ширкати туркии «AKIA» дар бораи харидории автобусҳои «AKIA» бо назардошти анҷоми корҳои васлу насби онҳо дар қаламрави Тоҷикистон созишнома ба имзо расида буд.
Мувофиқи қарордод, давра ба давра ба шаҳри Душанбе 170 автобуси тамғаи ин ширкат оварда шуда, айни замон дар хатсайрҳо ба хизматгузорӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт машғуланд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 17 октябр палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи маблағгузории сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркашро дар ҷумҳурӣ якдилона тасдиқ намуд.
Созишномаи мазкур моҳи август байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия ба имзо расида буд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух ба вакилон хабар дода буд, ки барои сохтмони иқтидорҳои истеҳсол ва хизматгузории автобусҳову автомобилҳои боркаш дар Тоҷикистон 20 млн. доллар маблағ равона мегардад. Маблағгузорӣ баробар – 10 млн. долларӣ аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ ва туркӣ сурат мегирад.
Дар давраи аввал баъди ба истифода додани корхона дар он 240 нафар машғули кор хоҳанд шуд, ки мувофиқи созишнома, 80% (на камтар аз 200 нафарашон)-ро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил диҳанд.
Корхона тирамоҳи соли 2019 пурра мавриди истифода қарор гирифта, солона то 300 автобус ва воситаҳои нақлиёти боркаш истеҳсол хоҳад кард.
Лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва «Сити Сервис Лтд» амалӣ мешавад.
Корхонаи аввал ба истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи дуюм ба хизматгузории воситаҳои нақлиёти истеҳсолшуда машғул хоҳад шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.