Тибқи ҷадвали онлайни лавҳаи фурудгоҳи Душанбе вақти парвози ҳавопаймо соати 14:00 нишон дода шудааст. Мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд аллакай муддати чандин соат аст, ки дар толори интизории фурудгоҳи пойтахт нишастаанд. Баъди гузашти панҷ соат онҳоро бо чой ва бутерброд зиёфат доданд. Сабаби ба таъхир афтодани парвозро дар ширкати ҳавопаймоӣ шарҳ намедиҳанд.
“Дар ниҳояти кор ба мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд чой ва бутерброд овраданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Нуриддин Қаршибоева, мусофири ин хатсайр. Ӯ қайд кард, ки қаблан яке аз мусофирон аз ҳисоби худ обу кулча харида, ба мусофирон тақсим кардааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ сабаби таъхир ва вақти парвозро хабар надодаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 8:00 бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуд, вале бо сабабҳои номаълум парвози он нахуст ба муддати се соат, сипас то соати дувоҳдаҳ мавқуф гузошта шуда, ҳавопаймо то ҳол парвоз накардааст.
Кӯшишҳои идораи”Азия-Плюс” ҷиҳати тамос гирифтан бо “Тоҷик Эйр” бо ҳама рақамҳои дастраси телефон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Гӯширо касе намебардорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.