Шоири ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло аз таассуроташ дар мавриди Паёми Президенти Тоҷикистон ба парлумон бо номи “Паёми Пешво” шеъре иншо намудааст, ки дар саҳифаи шахсиаш дар Facebook гузошта шудааст.

Кӯҳзод дар шеъраш мегӯяд, “аз дилу ҷон Паёми Сарвари давлатро гӯш кардааст". Ӯ  ин Паёмро “зи садҳо кони зар боло донистааст”. Дар идома ӯ ба Худованд муроҷиат карда, мегӯяд:

Ба қасди ҷумла аъдояш нигаҳ дор,

Низоми Пешвои миллатамро.

Бубар болотар аз имрӯз, фардо,

Ту номи Пешвои миллатамро.

Ин бори аввал нест, ки дар васфи Паёми Президенти Тоҷикистон шеър иншо мешавад. Яке аз аввалинҳо шуда соли 2016 Давлат Сафар дар ин хусус шеър навишта буд.

Соли 2017 Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон манзумаашро таҳти унвони "Паёми пешво – тақдири миллат” ба васфи Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида буд. Ӯ он замон навишта буд, ки:

Замин гардад ҳама гӯшу ҳама ҳуш,

Ситора баҳри сӯсӯе наҷунбад.

Маҳу Хуршед ҳам аз раҳ биистанд,

Хаёли ман, фалак мӯе наҷунбад.

Зикр шуда буд, ки бигзор паёми ӯро “Путин ба риштаи таҳлил кашида”, “Трамп кӣ будани тоҷиконро бифаҳмад”:

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав