Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

“Дирӯз, 24 январ баъди як ҳафта роҳ байни Хоруғ ва Ишкошим боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд. Айни замон алҳол эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, - хабар доданд аз Кумита.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи мошингард рӯзи 17 январ бар асари тармафароиҳо дар қитъаҳои роҳ қатъ шуда буд. Ҳамон рӯз кормандони истифодабарии роҳ Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола зери тарма монда, ҳалок шуданд.

Санаи 20 январ дар натиҷаи ҳодисаҳои тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд низ мудати як шабонарӯз қатъ гардида буд.

Дар маълумоти санаи 24 январ нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мегардад, ки барфрезиҳои чанд рӯзи охир тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингард гаштугузори мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард.

Гуфта мешавад, ба шарофати заҳамоти пайвастаи кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, IRS, талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ то ин замон қариб ҳама роҳҳо аз барфтӯдаҳо пок шудаву нақлиёт дубора ба ҳаракат даромад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.