Ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки маҷмааи нав дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе қомат афрохта, аз 22 ошёна иборат хоҳад буд.

“Дар маҷмааи нав ду толори бузурги намоишгоҳӣ бунёд гардида, дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ ва ҳамчунин меҳмонхона ҷойгир мешавад”, - иброз дошт Аҳмадзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони маҷмааи намоишгоҳӣ 5 гектар замин ҷудо шуда, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши бунёди он 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

“Аз ширкатҳои чиниву ҳиндӣ ҷиҳати сохтмони ин маҷмаа аллакай ба мо пешниҳодҳо расиданд. Мо онҳоро омӯхта, лоиҳаи беҳтаринро интихоб ва ба сохтмони маҷмаа шурӯъ мекунем. Фикр мекунам, ки Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ натанҳо ба рушди муносибатҳои тиҷоратии кишвар бо дигар давлатҳо мусоидат мекунад, балки бо тарзу усули ғайриоддии меъмории худ ба симои пойтахт ҳусни нав зам мекунад”, - изҳор намуд раиси Кумита.
Маҷмааи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, ки соли 1974 сохта шуд
Акс аз бойгонӣ

Ёдрас мекунем, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагии таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷмааи “Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон (ВДНХ)” сохта шуд. Меъмори он Эркин Солеҳов ва муҳандисаш В.Ржевкин мебошанд. Маҷмааи мазкур аз солҳои 90-уми асри гузашта дигар мавриди истифода қарор надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.