Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд.
Дар Индекси мазкур Тоҷикистон бо касби 25 имтиёз миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 152-юм ҷойгир аст. Қобили зикр аст, ки соли 2017 Тоҷикистон дар ин феҳрист мақоми 161-ум ва соли 2016 – зинаи 151-умро касб карда буд.
Transparency International Индекси навбатии дарки коррупсияро дар соли 2018 ба нашр расонид, ки дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд.
Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.
Русия дар мақоми 138-ум, Қазоқистон – 124, Қирғизистон – 132, Ӯзбекистон – 158 ва Туркманистон – дар зинаи 161-ум қарор доранд.
Байни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ ба бистгонаи беҳтарин Эстония шомил гардидааст, ки мақомот дар он ҷо фаъолона ба рушди “ҳукумати электронӣ” кӯшиш мекунанд. Transparency беҳбуди назарраси рейтинги ин кишварро зикр кардааст.
Тибқи арзёбии коршиносони Transparency, вазъи мубориза бо коррупсия дар ИМА соли 2018 бад ва шумори имтиёзҳои ин кишвар то 71 поин рафта, бори нахуст аз соли 2011 ин кишвар аз бистгонаи беҳтарин рейтинг хориҷ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки зинаҳои охирро дар рейтинги Индекси мазкур Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Сомали ишғол мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.