Чанд сол аст, ки дар матбуот ва маҳфилҳои илмӣ мавзӯи “идеяи миллӣ” баҳс карда мешавад. Муҳаққиқон, олимон, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ дар мавриди “идеяи миллӣ” андешаҳои гуногун баён намудаанд, аммо ҷомеа ҳоло ҳам ба хулосаи мушаххас наомадааст, ки “идеяи миллӣ”-и ӯ чӣ аст. Дар ин робита, суҳбате доштем бо доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов.
Бе идеяи миллӣ давлат наметавон сохт
- Қабл аз ҳама мехостем бифаҳмам, ки идеяи миллӣ барои ташаккули давлати миллӣ то кадом андоза муҳим аст?
- Бе идеяи миллӣ давлат мақсади ниҳоияшро муайян карда наметавонад, арзишҳояшро қадр намекунанд, ҷойи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ намеёбад. Идеяи миллӣ васила ва заминаи аслии ташаккули давлати миллӣ аст. Бе идеяи миллӣ сохтани давлати миллӣ имкон надорад. Бе идеяи миллӣ миллат наметавонад худро ҳимоя кунад.
Вазифаи давлат муттаҳид кардани халқи созандаи номи давлат ва дар атрофи он, ҷазб намудани халқҳои дигаре, ки дар он муҳит ҳастанду бо халқи созандаи номи давлат зистан мехоҳанд. Бе идеяи миллӣ миллатро муттаҳид кардан номумкин аст. Вақте миллат муттаҳид нест, давлат сохта намешавад.
Аммо, агар миллатчигӣ асоси идеяи миллӣ шавад, ин идея ва давлати дар асоси он сохташаванда муваффақ нахоҳад шуд. Дигарон ба он бо чашми бад менигаранд. Мисоли оддиаш фашизми Германия ё Испания аст. Идеяи миллии онҳо ин буд, ки мо аз ҳама боло ҳастем. Оқибати ин чӣ шуд, ҳама дидем.
- Пас, чӣ бояд асоси ташаккули идеяи миллӣ бошад?
- Дар ҳама гуна идеяи миллие, ки таҳия мешавад, бояд як нукта зикр ёбад: миллати ман ҳам монанди ҳар миллати дигар ҳаст ва ҳаққи озодона рушд, зиндагӣ карданро дорад. Ҳуқуқи миллати ман ҳам мисли ҳар миллати дигар бояд ҳифз карда шавад.
Агар ба идеяи миллӣ аз ин зовия назар кунем хуб аст.
- Манзури Шумо аз миллат танҳо тоҷикон аст ё ҳамаи халқиятҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд?
- Имрӯз мафҳумҳои “миллат”-у “давлат” дар бисёр ҳолатҳо ба як маъно истифода бурда мешаванд. Масалан, “Маҷлиси миллӣ”, “Бонки миллӣ”, “пули миллӣ” ва амсоли ин. Ба ин нукта бояд аҳамият диҳем. Замони шӯравӣ зери мафҳуми халқ тамоми халқи шӯравиро дар назар доштанд. Аммо мегуфтанд, ки “миллати тоҷик”, “миллати рус” ва ғайра. Имрӯз мафҳуми миллат бо давлат ҳаммаъно шудааст.
Ман халқ гуфта халқи тоҷикро (ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди он) дар назар дорам, зери мафҳуми миллат бошад, ҳамаи халқҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бояд фаҳмида шавад.
Руҳияи миллӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳодӣ шӯравӣ
- Аслан баҳси таҳияи идеяи миллӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад. Он замон гуфтугуҳо дар кадом замина сурат мегирифтанд?
- Воқеан ин мавзуъ пас аз касби истиқлолият ба миён омад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ормони ҳамаи халқҳои ин кишвари бузург як буд. Роҳ ба сӯйи коммунизм. Аммо вақте мустақил шудем, назди идеологҳову олимони мо мушаххас кардани роҳи оянда меистод. Зеро мақсадҳо дигар шуданд.
Дар оғоз ҳамаи халқҳои ҷамоҳири шӯравӣ бо руҳияи миллӣ бедор шуданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳам мо андеша доштем, ки ҳар куҷое халқи мо аст, бояд муттаҳид бошад. Он замон андешаҳои миллӣ бештар ташаккул ёфтанд ва рушд карданд.
Аммо баъдтар, як гуруҳ миллатро ҳамчун халқи тоҷик ва гуруҳи дигар ҳамчун мусулмон шинохтанд.
Бо профессор Абдунабӣ Сатторзода ҳанӯз соли 2003 ба ин мавзуъ муроҷиат карда, якҷо андешаи “идеяи миллӣ - ба вуҷуд овардани миллати воҳид”–ро баён карда будем. Миллати воҳид сарфи назар аз забон, халқият, мазҳаб ва маҳал бояд як мақсад дошта бошад. Ҳар касе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, бояд муттаҳид бошад. Мушкили ҳамватани худро мушкили худ донад, муваффақияти ӯро муваффақияти худ ҳисобад. Барои ташаккули давлати миллӣ ин муҳим аст.
- Гуфтед, ки дар оғоз руҳияи миллӣ бештар эҳсос мешуд, аммо баъдтар омили мазҳабӣ низ таъсири худро гузошт. Ба андешаи Шумо, идеяи миллӣ дар заминаи андешаи миллӣ ё мазҳабӣ таҳия карда шавад?
- Идеяи миллӣ дар заминаи тафаккури миллӣ бояд таҳия карда шавад. Вай орзуву омоли гузаштагони некном, имрӯзи шаҳрвандони кишвар ва фардои насли навро бояд ифода намояд. Агар он ба халқ тааллуқ надошта бошад, ба миён овардани ин идеология лозим нест. Зеро қариб ҳамаи мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Эрон, Туркия, як қисми Ҳиндустон, Малайзия, Бангладеш, ҳамаи давлатҳои арабӣ мусулмонанд. Дар чунин ҳолат, агар ҳангоми таҳияи идеяи миллӣ ба ислом ва мусулмоният такя кунем, пас байни мову он халқҳо чӣ фарқият мемонад?
Дар Қуръон миллати мусулмон омадааст. Инро баъзе нафароне, ки идеяи миллиро дар заминаи дин таҳия кардан мехоҳанд, дастак ҳам кардаанд ва мегӯянд, ки мо миллати мусулмонем. Воқеаҳое, ки солҳои аввали истиқлолият рух доданд, дар заминаи ҳамин ғоя сурат гирафтанд. Яъне пирӯзии идеяи дар заминаи дин шаклгирифта бар идеяи миллӣ, яъне тоҷикият буд. Онҳо даъво доштанд, ки ҳама андеша бояд аз ислом сарчашма гирад. Аммо вақте фаҳмиши миллӣ бо динӣ як шуд, ба оқибравӣ сар кардем. Вақте идеяи миллии мо ба миллат такя мекард, мо бо ифтихор дар бораи гузаштаи худ Зардуштия, Фирдавсӣ, Сино, Айнӣ, Ғафуров, Турсунзода гап мезадем. Лекин вақте исломиҳо омаданд, зиёиёне низ таборӯз карданд, ки ба ин бузургон бо чашми бад менигаристанд.
Тафовути ғояи ниҳоии ислом ва ғояи миллӣ
- Чаро идеяи миллӣ наметавонад дар заминаи ғояҳои динӣ ташаккул ёбад?
- Зеро ниҳояти фикри аҳли ислом дигар ва ниҳояти фикри тоҷикпарастӣ дигар аст. Сабаби асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар истифодаи ҳамин шиор буд. Яъне миллати ислом. Ба ҷойи мафҳуми “миллати тоҷик” мафҳуми “аҳли ислом” пайдо шуд.
Дуруст аст, ки имрӯз ислом дини мо аст ва ғояҳои он барои мо бегона нестанд, вале ин идеяи миллии мо нест. Ин метавонад қисми таркибии идеяи миллии мо бошад, аммо на ҳамчун ғояи аслӣ. Ислом эътиқоди маънавӣ аст, на омили ваҳдати сиёсӣ.
- Оё имкони омезиши арзишҳои мазҳабӣ бо арзишҳои миллӣ ва дар заминаи он таҳияи идеяи миллӣ вуҷуд надорад?
- Пеш аз ҳама ниҳояти ақидаи ин ду арзиш ва роҳҳои расидан ба он аз ҳам тафовут доранд, аз ин сабаб, тавъам буда наметавонанд.
Як мисол меорам. Агар Ҳизби тӯдаи Эрон инқилоби исломиро пуштибонӣ наменамуд, он ғалаба намекард. Ҳизби тӯдаи Эрон коммунистҳо буданд. Баъди се моҳи ғалабаи инқилоб 20 нафар генерали коммунистро, ки дар инқилоб саҳм доштанд, қатл намуданд. Коммунистҳои боқимондаро зиндонӣ карданд. Тарроҳони инқилоби исломӣ барои таъмини ягонагии давлаташон дӯстони дирӯзаашон – дунявиҳоро аз байн бурданд. Ду қувваи ба ҳам номувофиқ натавонистанд иттифоқ кунанд ва дар якҷоягӣ ҳукм ронанд.
Анъанаҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои ҳамин иттифоқ намешавад. Ғояи ниҳоии ислом, ки мегӯяд “ҳама чиз дар заминаи Қуръон ба амал бароварда мешавад” аз ғояи миллӣӣ мо, ки “ҳама чизро аз рӯйи адолат ба амал мебарорем” фарқ мекунад. Лекин ин маънои онро надорад, ки дар давлати миллӣ ҷойи мусулмонон танг мешавад. Баръакс, давлати миллӣ ба ҳама, аз ҷумла ба эътиқодмандон ҳам имконияти васеъ медиҳад, то бо ҳамдигар дӯстона ва бе кина муносибат дошта бошанд. Нотарсона ва бо дили пур фармудаҳои китоби муқаддасро риоя кунанд. Барои тоҷик ислом муқаддас аст, вале пеш аз ҳама, ӯ мехоҳад, ки забону арзишҳои миллииашро дигарҳо эҳтиром кунанд. Дар давлате, ки бар асоси арзишҳои миллӣ сохта мешавад аҳли ислом озодона зиндагӣ карда метавонанд. Монеа пайдо намешавад.
“Саҷдагоҳ”-и тоҷикони ҷаҳон
- “Иттиҳоди тоҷикони ҷаҳон”, ки баъзе аз таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, метавонад идеяи миллии тоҷикон бошад?
- Барои он ки ташаккули маънавии халқи тоҷик пайдо шавад, аввал дар Тоҷикистон миллати воҳиди устувор бояд ба вуҷуд оварда шавад.
Мо ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем, аз ин сабаб, тоҷикони кишварҳои дигар то чанд соли қабл дар ватанашон зери шубҳа буданд. Ва ин мантиқӣ аст, чун мо – тоҷикони Тоҷикистон шароити хуб надоштем ва тоҷикони бурунмарзӣ наметавонистанд бо ифтихор аз пайванди мо будани худ ситоиш кунанд.
Ҳоло тоҷикро ҳамчун муҳоҷир мешиносанд. Муҳоҷире, ки ҳуқуқҳояш поймол мешавад ва сатҳи зиндагиаш паст аст.
Барои муттаҳид кардани тоҷикони ҷаҳон мо бояд Тоҷикистони худро ба “саҷдагоҳ”-и онҳо табдил диҳем. Мо бояд давлат ва ҷомеаи рушдкардаву озод дошта бошем. Бе давлати пешрафта ва ҷомеаи озоду рушдкарда, дар бораи иттиҳодии маънавии тоҷикони ҷаҳон сухан гуфтан ғайриимкон аст. Аз ин сабаб, мо бояд аввал дар дохили Тоҷикистон муттаҳид бошем ва ватанамонро ободу дилкаш кунем. Ҳоло Тоҷикистон дар саргаҳи он роҳ аст.
- Агар хулоса кунем, имрӯз кадом ғоя метавонад идеяи миллии мо бошад?
- Ман бо профессор Абдунабӣ Сатторзода ваҳдати миллиро ҳамчун идеяи миллӣ пешниҳод намуда будем. Фикр мекунам, имрӯз ҳам ин идея барои халқи тоҷик муҳим ва актуалӣ аст. Агар ҳар сокини Тоҷикистон худашро соҳиби ҳамин ватан ҳисоб кунад, ҳуқуқашро шиносад, аз озодиву истиқлолияти кишвараш ифтихор намояд, ин ваҳдати миллӣ аст. Мо ба ҳамин шакл ваҳдати милиро шинохтем, зеро ваҳдати миллӣ ҳамон вақте мешавад, ки моҳияти онро ҳама қабул кунад. Ҳоло мо ба ин чиз эҳтиёҷ дорем. Мо давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр ва демокративу ягона сохтем. Сулҳ ҳам ҳукмфармо шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста