Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми кумаки расонидаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 160 ҳазор долларро ташкил дод.

Ҳиссаи кумаки Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи расонидашуда дар ин давра ба 1,2% рост меояд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Тӯли 2 моҳи соли 2018 ба Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 13 млн. 430 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст.

Миёни кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон вазни қиёсии зиёдтар аз рӯи арзиш ба Русия – 18,2% аз ҳаҷми умумӣ, Чин – 3,6%, Ҳиндустон – 1,7% ва Амороти Муттаҳидаи Араб – 1,6 рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 34 кишвари саросари дунё кумаки башардӯстона расонида шудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори кишварҳои мададрасон 1 давлат кам шуда, ҳаҷми кумак баръакс – ба миқдори 2,7 млн. доллар афзудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.