Дар Тоҷикистон харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия шуда, минбаъд онҳо бояд дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад ҷой дода шаванд.

Таҳияи харитаҳои сайёҳӣ яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Нақшаи чорабиниҳо бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул шуморида шудааст.

Мувофиқи нақшаи мазкур, харитаҳои сайёҳӣ бояд то охири моҳи апрели соли равон таҳия карда шаванд.

Ба таҳияи харитаҳо Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи рушди деҳот ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо бахши хусусӣ машғул хоҳанд шуд.

Дар санад паҳн кардану ҷой додани харитаҳои таҳияшуда дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад, ҳамчунин дар хадамоти консулгарӣ ва ғайра дастур дода шудааст.

Нақшаи тасдиқшуда дар маҷмӯъ беш аз 50 чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад, ки бояд аз ҷониби сохторҳои марбута муддати солҳои эълоншудаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ шаванд.

Дар чорабиниҳо аз ҷумла таҳияи барномаҳо оид ба рушди ин самтҳо, таъсиси марказҳо, баргузории конфронсу семинар, озмун ва дигар тадбирҳо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.