Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат қайд мешавад, ки бо супориши Президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд, лекин дар бораи маҳз нисбати киҳо чораҷӯӣ шудан маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, аз 23 апрел сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд.
Ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери сарварии Озода Раҳмон қарор дорад, таъин гардид.
Икромиддин Вализода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. То ин таъинот ӯ вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ба уҳда дошт.
Қобили зикр аст, ки ба боло бурдани қимати интернет дар Тоҷикистон маҳз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташаббус зоҳир намуда буд.
Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории №31 аз 4 марти соли 2019, аз 18 апрел барои ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳои ягона барои хизматгузориҳои мобилӣ ҷорӣ шуд. Хадамот ширкатҳои мобиро ба муқаррар намудани нархи 1 Мб интернет на камтар аз 5 дирам бе назардошти андозҳо уҳдадор кард.
Ҳамин тариқ, нархи 1 гигабайт (1024 мегабайт) интернети ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мебоист аз 30-35 сомонии арзиши пештара то ба 63 сомонӣ боло мерафт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Что делать, если у вас украли телефон или вы его потеряли?
Как Россия и Англия Памир делили. О последней военной кампании русских в Центральной Азии
«TikTok стал ключом к моей поездке в Гарвард». История Дильшода из Кайраккума
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 апреля 2025 года
Таджикский суп: 7 рецептов необычного вкуса
Узбекистан впереди Ирана, Таджикистана и Кыргызстана. Какие футбольные команды дороже всех в Азии?
Душанбинская чайхана «Фарогат» - память тысячи людей
Рост ксенофобии в России - спланированная государственная политика?
Визуальный журнал прошлого. Как Фарзона из Душанбе создала проект о старом Таджикистане
Трамп продлил работу TikTok в США на 75 дней
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста