Дар мусоҳибаи махсус ба “Азия-Плюс” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар бораи мушкилоти рӯзмарраи вилоят ва сабаби беҳудагии дурӯғгӯӣ ба мардум изҳори назар кард.

- Бигӯед, кадом мушкилот дар вилоят ҳалли таъҷилиро металабад?

- Ҳар рӯзи шанбе ман аҳолиро ба ҳузур пазируфта, аз мушкилашон огоҳ мешавам. Мушкилоти рақами як бекорӣ ва камбизоатист. Мо 5 ҳазор нафар аҳолии бекор дорем. Ин маълумоти расмӣ аст. Ғайрирасмиаш - 17 ҳазор нафар.

Аксари аҳолӣ дар Хоруғ ва ҳамчунин мардуме, ки дар ноҳияҳо ба сар мебаранд, ба пул эҳтиёҷманданд. Яке барои табаобату дигарӣ барои таҳсил ва.... пул мепурсад.

Дар масъалаи таъмин бо манзилу сохтмон ва беҳбуди иншооти зербино, мактабҳо низ мушкил вуҷуд дорад. Ҳатто дар норасоии об ҳам мушкил дорем - 50%-и аҳолии шаҳри Хоруғ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

Кӯшиш дорем, ки тадриҷан ҳамаи ин мушкилотро ҳал кунем. Дар мавриди мактабҳо, 50 мактаби таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Президети ҷумҳурӣ чанде қабл дар бораи таъмиру навсозии ин мактабҳо санад ба имзо расонид. Ҳамчунин айни замон корҳои таъмиру навсозии ду қитъаи роҳ: Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ва Йогед - Дарвоз оғоз гардид.

... Кӯшиш мекунам, ки ҳамеша назди мардум поквиҷдон бошам. Намегӯям, ки 100% буда метавонам, ин ба касе муяссар намегардад, лекин самимона талош мекунам, ки чунин бошам. Чаро ин муҳим аст? Чунки мардум дар симои кормандони мақомоти маҳалии ҳокимият бекорхӯҷаҳо ва дуздонро медид. Вале вақте ман бо ин мансабдорон аз наздик шинос шудам, маълум шуд, ки 90%-и онҳо одамони поквиҷдони софдиланду омодаанд шабу рӯз кор кунанд, лекин робитаашон бо мардум дар ҷое канда шудааст.

1/2

Пиёда ба кор меравам, қатори ҳама ба корҳои ҷамъиятӣ мебароям, ҳафтае пеш дар бозори Хоруғ будам. Бозор дар ҳоли хеле харобу ифлос қарор дошт. Ҳамроҳи мардум ба тозакунии наҳрҳову ба корҳо батартибоварӣ пардохтем. Мардум дӯст медоранд, и кормандони ҳокимияти маҳаллӣ бо онҳо гуфтугӯ дошта бошанд, вале боз такрор мекунам, ки муҳимаш ҳақиқатро ба мардум гуфтан аст.

Бадахшон на он қадр бузург аст ва агар ту ягон кореро поквичдонона иҷро накунӣ, мардум дарҳол аз он огоҳ мешаванд.

Шакли пурраи мусоҳибаро метавонед дар шумораи нави газетаи «Asia-Plus», ки аллакай дар фурӯш аст, дарёфт намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.