Марҳилаи ҷарроҳии сеюми Осияи 6-сола 1,5 соат тӯл кашида, фардо шояд ҷарроҳи чорум низ анҷом дода шавад, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс”, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе Тоҳир Зубайдов.
Мавсуф, ки табобати Осия зери назорати ӯ қарор дорад, гуфт, ки ду ҷарроҳии беморро ҳамроҳ бо профессори олмонӣ ва як ҷарроҳии дигари Осияро худи онҳо анҷом додаанд.
“Имрӯз бо Эдгор Бимер ҷарроҳии некрэктомия, бурида гирифтани бофтаҳои сӯхта гузаронида шуд. Ин намуди ҷарроҳӣ барои дар оянда часпонидани пӯст аз ҷойҳои солим пешбинӣ мешавад. Фардо дар назар аст, ки бори дигар дар бадани бемор ҷарроҳии тармими озодро гузаронем, аммо аз ҳолати бемор вобастагӣ дорад ”, - гуфт Зубайдов.
То чанд маротибаи дигар Осия ҷарроҳӣ хоҳад шуд, феълан маълум нест. Вале Худи Эдгар Бимер вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.
Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.
Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста