Ҳамаи ин меҳмонхонаҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусии ватанӣ бунёд гашта, ҳар кадом чор-панҷ ситорадор хоҳанд буд.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 4-уми июл бо тарҳи сохтмони нуҳ меҳмонхона, ки дар ду соли наздик бунёд хоҳанд шуд, шинос шуд.

Меҳмонхонаҳои нав дар як вақт метавонанд беш аз ҳазор меҳмонро қабул намоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори пойтахт.

Аз ҷумла ҶДММ «Рушди Осиё» дар ҳудуди кӯчаи Бохтар меҳмонхонаи «Дипломат», ширкати сохтмонии «Элитстройсервис» дар хиёбони Айнӣ меҳмонхонаи панҷситора, ширкати «Себистон-2018» дар хиёбони Рудакӣ меҳмонхонаи муосире бо номи «Grand RudakI Tower» бунёд мекунад.

Ба шаҳрдори Душанбе ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар доираи иҷрои нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон дар ду соли оянда аз буриши кучаи Дӯстии халқҳо то боғи Ғалаба як қатор биноҳҳои баландошёна бунёд хоҳад шуд. Шаҳрдорӣ дастур дод, ки биноҳҳои нав набояд аз 12 ошёна паст бошанд.

Қайд гардид, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 35 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар Душанбе боз чӣ месозанд?

Чанде қабл Идораи меъмории Душанбе дар бораи сохтмони биноҳҳои нав дар ҷойи хонаҳои кӯҳна хабар дода буд.

Мо харитаеро омода кардем, ки шумо аз руи он метавонед бубинед,дар куҷо чӣ сохта мешавад.

Ин бошад маҷмааи меъмории оянда мебошад, ки сохтмонаш дар кӯчаи С. Айни аз буриши хиёбони А. Рӯдакӣ то кӯчаи “Дӯстии халқҳо” идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.