Соли 2020 муҳлати амалисозии Барномаи давлатии беҳтар кардани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ, ки соли 2008 қабул шуда буд, ба итмом мерасад.

“Дар ин давра бо амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо чанде аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ба Тоҷикистон муясар шуд, ки дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардад, - қайд кард сардори “КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК) Ҷамшед Табаров зимни нишасти хабарии имрӯза. - Агар дар оғози кори барнома ҳамагӣ 43%-и аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта буданд, пас айни замон ин нишондиҳанда то ба беш аз 62% расид”.

Ба гуфтаи Табарзода, пас аз соли 2020дар ин самт  барномаи нави давлатӣ қабул мешавад, ки он низ барои якчанд сол пешбинӣ шуда, айни замон оид ба қабули ин санади муҳим корҳо ҷараён доранд.

Тавре Табарзода қайд кард, бо вуҷуди пешравиҳо, корҳои таъмини аҳолии деҳоти кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ ба оҳистагӣ пеш мераванд.

“Феълан сатҳи таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамагӣ 38%-ро ташкил медиҳад, боқимонда бошанд, аз сарчашмаҳои гуногун , ки ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ нест, об дастрас мекунанд”, - иброз дошт ӯ.

Бино ба қавли раиси корхона, ба наздикӣ лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба маблағи 58 млн. доллар оғоз мегардад.

“Ҳамаи воситаҳо ба таъмини аҳолии деҳот бо об равона мешаванд, - гуфт Табарзода. - Ғайр аз ин, айни замон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар минтақаҳои кишвар як қатор лоиҳаҳои барқарор намудани низоми обтаъминкунӣ амалӣ шуда истодааст”.

Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, барои таъмини пурраи дастрасии аҳолӣ ба об тақрибан 10 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст ва ин ҳам бе назардошти минбаъд дар ҳолати коршоям нигаҳдории онҳо.

Барои беҳтар кардани таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон то соли 2021 сохтани беш аз 20 иншооти таъминоот бо об ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.