Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи чорабиниҳои муштарак суҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, Толиб Баротов иттилоъ додааст, ки бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия алҳол дар шаҳри Оренбург сохтмони Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон оғоз гардида, муассиса солҳои 2020-2021 ба истифода дода мешавад.

«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошад», - иброз доштааст Толиб Баротов.

Осорхонаи мазкур маҷмаа буда, дар он китобхона бо адабиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори тоҷикӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор ва нигораҳои таърихӣ, либоси миллӣ, хонаҳои тоҷикӣ ва меҳмонхонаи тоҷикӣ, ки бо усули кандакории миллии тоҷикӣ оро дода шудааст, ҷой дода мешаванд. Инчунин дар маҷмаа ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ фаъолият мекунад.

Маркази худмухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ карда, то ин вақт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва ба яке аз диаспораҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтаас.

Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми китоби мазкур дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 ҳазор нафар тоҷикон сокини муқимӣ буда, ҳамасола 6 ҳазор нафар тоҷикон дар ин вилоят бо меҳнати мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.