Ширкати “Фароз” дар бораи фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дода, ба шарикон барои ҳамкорӣ арзи сипос мекунад.
Дар ҳуҷҷати ба “Азия-Плюс” пешниҳодкардаи ширкат доир ба рақобатнопазирии он дар бозори фурӯши сӯзишворӣ ва дигар сабаби барҳамдиҳӣ – зиёноварии таъмини фаъолияти иншоотҳо маълумот дода шудааст.
Дар зер иттилоияи расмии ширкатро дар мавриди ин масъала манзуратон мегардонем.
Охири ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод.
“Бинобар ба рақобат тобовар набудан дар бозори сӯзишворӣ, аз ҷумла, аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда мустақиман ворид гардидани маводи сӯзишворӣ ва ба тариқи чакана ба фурӯш баровардани онҳо дар бозори Тоҷикистон, баланд будани арзиши аслии маҳсулоти харидоришаванда, Ҷамъият имрӯз қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори мамлакат аз даст додааст. Бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият гардид”, - таъкид шуда буд дар мактуби ширкати ба унвони Кумитаи андоз.
ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.
Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе фаъол аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Глава Минтруда: Таджикистан расширил направления трудовой миграции
Выиграй электромобиль мечты в Мега Турнире 2.0 от БК «Рахш»
В Таджикистане заработал крупный нефтеперерабатывающий завод. Пока – в тестовом режиме
Больше операций и меньше инфекций. В Минздраве рассказали о развитии системы здравоохранения Таджикистана в 2024 году
Почему Центральная Азия важна для Ирана?
ЕС и ВОЗ провели Зимнюю школу по переходу к всеобщему охвату услугами здравоохранения в Таджикистане
В Таджикистане 280 тысяч взрослых прошли курсы профессионального обучения в 2024 году
Международный аэропорт Худжанда в 2024 году был загружен лишь на 30%
Минздрав Таджикистана рассказал о приостановке помощи USAID
Кто больше всех помогал Таджикистану в 2024 году?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста