Имрӯз, 25 сентябр дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дурии биниш дар роҳҳои нақлиётгард то 400-1000 метрро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди каме кушодашавии ҳаво, дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва гардолуд боқӣ монда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15° гарм, рӯзона 34+36° гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.
“КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардон, равандагони роҳҳои мошингарди кӯҳӣ ва сайёҳони дучархасавор ёдовар мешавад, ки дар манотиқи кӯҳӣ техникаи бехатариро риоя намоянд, ҳамчунин масофаи таъиншуда барои ҳаракат дар чунин роҳҳо ва дар чунин обуҳаворо ҷиддан ба назар гиранд, зеро эҳтимолияти резиши санг дар чунин роҳҳо зиёд аст”, - омадааст дар тавсияҳои Кумита.
Ҳамзамон бо ин оддитарин тавсияҳо ҳам пешниҳод шудааст, ки риояи онҳо ва иҷрои онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:
1. Ниқоб кашидан ба рӯй;
2. Бештар оби тоза нӯшидан, на камтар аз 2-2,5 литр;
3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор истифода кардан аз ҳавополоҳо;
4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи кабуд нӯшидан;
5. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаи хонаҳо. Агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ё тӯри москитӣ ҳимоя кард;
6. Рӯбучин ва тозакунии намноки хона тавсия дода мешавад;
7. Табибон пӯшидани ҳама гуна айнакҳо (линзаҳо)-ро тавсия намедиҳанд.
Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд;
- кам накардани меъёри таъиншудаи доруҳо;
- ҳамеша бо худ доштани ингаляторҳо;
- агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шавадуд, фавран ба духтур муроҷиат кардан.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ба рақамҳои телефонҳои қисми навбатдории КҲФ занг занед:
Дастгоҳи марказӣ:
-112, 221-13-31, 93 880 28 19;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
- 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74, 2-60-45;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
- (83322) 2-36-60, 2-34-73;
Раёсати КҲФ дар ВМКБ
- (83522) 2-40-57, 2-53-47;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 6-58-72, 5-15-55.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.