Рӯзи душанбе, 28-уми октябр аз муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе 558 нафар, ки бо моддаҳои гуногуни ҷиноятӣ маҳкум шуда буданд, ба озодӣ баромаданд.
Сокини 35-солаи ноҳияи Фархор Баҳром Раҳмонов бо ҷурми узвият дар равияи манъшудаи “Салафия” 3 сол адои ҷазо кард. Муҳлати ҳабси ӯ 1,5 сол кам шуд. Падари се фарзанд қаблан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва мехоҳад ин фаъолияти худро идома диҳад.
“Тасаввуре надоштам, ки ба наздикӣ озод мешавам. Ин ғамхории президент аст, ки мо озод шудем, - мегӯяд Раҳмонов. - Худо хоҳад, назди фарзандонам баргашта, ба соҳикборӣ машғул мешавам”.
Қобили зикр аст, ки авфи мазкур бузургтарин дар Тоҷикистон буда, он дар нисбати 20 ҳазор нафар татбиқ мешавад. Дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”, то имрӯз аллакай зиёда аз 1600 нафар маҳбусон озод шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.