Рӯзҳои 4-6 ноябр дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора тағйир ёфтани вазъи обуҳаво дар назар буда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад. 

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 4-5 ноябр ба истиснои ВМКБ, дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ бориши борону барф пешгӯйӣ мешавад. Аз ҷумла, дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришоти пуршиддат ба амал меояд ва дар вилояти Суғд борону барф меборад.

Гуфта мешавад, рӯзи 4-уми ноябр бо истиснои ВМКБ дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 13-18 м/с дар назар буда, 3-юми ноябр дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад.

“Рӯзҳои 4-5 ноябр дар водиҳои НТМ ва вилояти Хатлон пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа ва дар водиҳои вилояти Суғд то 10-15 дараҷа дар назар аст”, - қайд мешавад дар маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ.

Мутахассисон огоҳ мекунанд, ки шароити обуҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии навоҳии тобеи марказ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.