Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз он нигарон аст, ки эҳтимол 2 зан даҳҳо мардро мубталои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) кардаанд.

Ӯ рӯзи 28-уми ноябр зимни суханронӣ дар Анҷумани занони сарвар гуфт: “Дар шаҳрҳои Норак ва Бохтар 2 зани гирифтори вируси норасоии масунияти одам дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо нафар мардонро мубталои ин бемории марговар гардониданд. Андеша кунед, ки ҳамаи ин мардон оилаю фарзанд доранд. Оқибати зиндагии онҳо чӣ мешуда бошад?”

Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳангоми вохӯрияш бо фаъолони шаҳри Норак оид ба ин ҳодиса гуфтугузор кардааст ва масъулонро вобаста ба пешгирии чунин ҳолатҳо дастур додааст.

“Ҳамин зуҳуроти номатлуб батадриҷ эҳтимоли зиёд шудан дорад. Моро ҳушдор медиҳад, ки набояд ба тақдири худ ва дигарон бепарво бошем. Хатари ин “вабои аср” ҳар лаҳза бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷомеаи мо, хусусан, ҷавонон хавфи бештар дорад”, - изҳор дошт Раиси вилояти Хатлон.

Вай афзуд, маълумоти пешниҳодкардаи кормандони соҳаи тиб дар бораи мубталошавӣ ба ВНМО фарогири шумори нафаронест, ки аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд. “Он нафароне, ки нагузаштанд, чӣ қадаранд? - пурсон шуд Ҳакимзода. - Мақомоти давлатӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ меандешад. Ҷомеа низ дар ин раванд бояд бепарво набошад”.

Марбут ба ин қазия роҳбари Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД дар Хатлон Илёсиддин Саидов ба “Азия-Плюс” гуфт: “Мо ин ҳолатҳоро санҷида баромадем. Зиёда аз 20 нафар мардонро, ки бо ин 2 зан алоқаи ҷинсӣ доштанд, ба марказамон оварда, аз ташхис гузарондем. Таҳлилҳо нишон доданд, ки онҳо айни замон саломатанд ва мубталои ВНМО нашудаанд. Мо баъд аз ним сол ин шахсонро аз ташхиси иловагӣ мегузаронем, зеро марҳилаи ноаёнии ВНМО то 6 моҳро дар бар мегирад. Одамон шояд сироят ёфта бошанд, аммо дар ин муддат ҳангоми ташхиси лабораторӣ мавҷуд будани вирус дар хуни онҳо маълум намешавад. Агар ин мардон мубталои ВНМО шаванд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 2 зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад. Ҳамаи шаҳрвандон бояд аз алоқаҳои бетартиби ҷинсӣ эҳтиёт бошанд”.

Ба қавли Илёсиддин Саидов, давоми 10 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 338 мубталои ВНМО ба қайд гирифта шудааст. “Дар маҷмӯъ, 3 ҳазору 654 нафар гирифторони ВНМО дар қайди марказҳои мо қарор доранд”, - афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.