Имрӯз, 24-уми декабр Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов 77-сола шуд. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ин сарояндаи маҳбуб тамос гирифта, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти эҷодӣ, меҳнату роҳат, лаҳзаҳои хотирмон ва қадрдонии ҳаводорон мусоҳиба орост.

Ман ҳамеша бо халқ баробарам

Тамоми дунёро дӯст медорам ва бо халқи азизам ифтихор дорам. Аз дирӯз инҷониб мавҷи табрикот аз тамоми гӯшаву канори олам ворид шуда истодааст.

Нақша дорам, ин зодрӯзамро дар шаҳри Тошканд таҷлил бикунам, чун дӯстон аз Ӯзбекистон боисрор даъват карданд. Даъвати онҳоро рад карда натавонистам.
Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов
Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Одатан, зодрӯзамро дар шаҳрҳои гуногун мегузаронам: соле дар Киев, Маскав, Ню-Йорк ва шаҳрҳои дигар истиқбол гирифтам. Агар дар Тоҷикистон бошам, дар доираи танзим мисли халқ бо оилаи худ мегузаронам. Ман ҳамеша бо халқ баробарам ва аз он зиёд ҳеҷ коре карда наметавонам.

Барномаи консертии 16:10, 16.10

Рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ доштам. Барномаро соати расо 16:10 шурӯъ кардем. Сабаби ин вақту соат оғоз кардани консерт ин буд, ки 16-уми октябри соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурӣ шуд. Бахшида ба солҳои 1924-1929 ва 9-уми сентябри соли 1991 барои ин барномаи корсертии худ 24 суруд омода кардам, ки 16-тои он таронаи нав буд.

Ният дорам, вақте ҳаво гарм шавад, барномаи консертиро дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва шаҳрҳои дигар баргузор кунам. Намехоҳам мухлисони азизи худро дар Душанбе зиёд мунтазир намоям. Ҳатман то Наврӯз ё баъд аз он ният дорам, консерт гузаронам.

Меҳнат кунед, роҳаташро мебинед

Мавлавии бузург мегӯяд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Албатта, ба нафаре тақлид мекунӣ, баъд оҳиста-оҳиста роҳатро меёбӣ. Якбора ҳеҷ кас сароянда ва навозандаи касбӣ шуда наметавонад. Санъат, адабиёт, шеър ва истеъдодҳои дигарро халқ худ хеле зебо баҳо медиҳад. Ба овозхон низ вобаста аст, агар ӯ оҳанги хуб ва шеъри пурмазмунро интихоб карда, аз таҳи дил сарояд, метавонад муваффақ шавад.

Сарояндаи ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки аз аввал сурудҳои паст насарояд ва дар ҷойҳои нолоиқ баромад накунад. Баъдан ӯ метавонад дар оянда ҷойгоҳи худро пайдо бикунад. Агар сароянда фақат дар фикри он бошад, ки як ё ду сол даврашро ронад ё сурудҳои паст сарояд, тӯйгардии зиёд кунад, ҳеҷ гоҳ наметавонад ба муваффақият ноил шавад. Худованд ду фоиз истеъдод дода бошад, ту бояд 98 фоиз заҳмат бикашӣ. Пас аз меҳнатҳои зиёд муваффақият ба суроғи ту меояд.

Имсол ман қариб шаст соли эҷодкор будани худро ҷашн мегирам. Дар ин муддат танҳо аз як чиз ҳарос доштам, ки ин мухлисон буданд. То ҳол меҳаросам, ки мухлисонамро аз даст надиҳам. Мо низ дар тӯю маросимҳо баромад кардаем ва мекунем, аммо барномаи алоҳидаи тӯёна дорем. Барномаи консертӣ дигар асту барномаи тӯёна дигар. Ман аз ҷавонҳо мехоҳам, ки меҳнат кунанд, ҳатман роҳаташро мебинанд.

Asia-Plus

“Боз аз худ наравӣ!”

60 сол боз рӯйи саҳна ҳастам. Дар ин муддат 600 сол умр дидам, гӯям хато намекунам. Тӯли ин солҳо сафарҳои зиёдӣ ҳунариву эҷодӣ доштам. Туҳфаи аз ҳама беҳтарин бароям сароянда шуданам мебошад. Дар даврони шӯравӣ аз як тараф диндорон намегузоштанд, ки сароянда шавӣ, аз тарафи дигар бачаи кӯҳистонӣ будам.

Пас аз консерти аввалинам шуҳрат пайдо кардам. Дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо консерт гузарондам. Ёдам ҳаст, вақти баргузории консерт дар Ӯзбекистон падарам низ иштирок доштанд. Он ҷо мухлисон тирезаҳоро шикаста, мехостанд ба консерт дароянд. Вақте пас аз консерт ба меҳмонхона омадем, падарам ба ман гуфтанд: “Ту писари Муродбеки курӯдӣ – кӯҳистонӣ ҳастӣ, боз аз худ наравӣ!”

Ин сухан барои ман шиор шуд. Пеш аз ҳар барномаи консертиям ва ё баромадҳоям доимо назди оина меоям ва мегӯям: “Ту писари Муродбеки кӯҳистонӣ ҳастӣ, боз аз худ наравӣ!” Мо набояд гузаштаи худро фаромӯш намоем.

100-солагии Садриддин Айнӣ

Бахшида ба 100-солагии Садриддин Айнӣ дар “Театри калон” (Большой театр)-и Маскав чорабинӣ баргузор шуд. Он ҷо роҳбарони ҳама кишварҳои Иттиҳодӣ Шӯравӣ иштирок доштанд.

Дар вақти ҳунарнамоӣ бародари калониям Абдуллобек навозандаи ман буданд. Вақти таваққуфи суруд, оҳиста ба гӯшам гуфт: “Зодгоҳ – Курӯд, лекин ҷойи ҳунарнамоӣ – Театри калон”. Баъд аз ин маро эҳсоси аҷибе фаро гирифта, ҳатто хандаам омаду наздики даҳ маротиба вақти баромад аз ханда таваққуф мекардам.

Дар базми ҷӯгиён

Ҷӯгиҳо бисёр қавми санъатдӯст мебошанд, чун решаашон аз ҳиндуҳо сарчашма мегирад. Як навозанда доштам – Мазбут Норқулов. Ӯ ҷӯгӣ буд. Тӯй барпо кард ва маро низ маҷбур кард, то бо суруд арӯсу домодро табрик намоям. Одатан, ҷӯгиён хеле бодабдаба тӯй барпо мекунанд. Зери пойи ҳунармандон қолинҳои сурх мепартоянд ва онҳоро пешвоз мегиранд. Ҳунармандони номиро ба тӯйҳои худ даъват мекунанд. Он ҷо ҳама ҳофизони номӣ иштирок доштанд.

Ман баромадам ва гуфтам: “Бародарони азиз, мо ҳама хешу табор ҳастем. Бисёре аз Шумо таърихи худро намедонед. Мо – тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо ҳама дар лаби дарёи Сир зиндагӣ мекунем. Шумо дар соҳили дарёи Ганг зиндагӣ доред, барои ҳамин “Сиган” мебошед”. Ҳоло сароиданро шӯрӯъ накарда, кисаҳоям пури пул шуданд. Мо – санъаткорон қоида дорем, ки вақте дар ягон тӯй табрикот кунем ва маблағ ҷамъ орем, бояд онро ба сарояндаи навбатдор диҳем. Пас аз баромадам, ба ғайр аз ду кисаам, боқимондаашро ба сарояндаи навбатдор додам.

Баъдан ба ҳама гуфтам: “Ҳамкасбони азиз, ман наметавонам ин ду кисаамро диҳам, чун маблағ ҷамъ кардани ҷӯгиҳо хеле мураккаб аст. Барои ин ман нишонаи меҳнати пурмашаққати ҷӯгиёнро дар осорхона мемонам”.
Ҷӯрабек Муродов бо завҷааш дар шаҳри Ню-Йорк, 2017 с.
Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Миёни сарояндагони маъруфи ҷаҳон

Дар шаҳри Майамии аёлати Флоридаи Амрико тамоми ҳофизони шинохтаи дунё ҷамъ омада буданд. Инчунин сарояндагони шинохтаи рус Филип Киркоров, Николай Басков, Иосиф Кобзон, аз рӯзноманигорон Владимир Соловёв ва дигарон иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон танҳо ман будам.

Ҳар ҷое баромад кунам, ҳатман ба забони тоҷикӣ суруд мехонам. Он ҷо суруди “Одамгарӣ”-ро хондам ва то қадри тавон ба русӣ тарҷума кардам. Пас аз он ба ҷамъомадагон нигоҳ карда, гуфтам: “Дӯстон, ҳамаи мо бандагони Худованд ҳастем. Худои мо яктост, осмон яктост, замин яктост, вале мо чиро ҷудо мекунем? Ростӣ монда шудам, аз марксизм, капитализм, коммунизм ва дигарҳо. Ба ин синну сол даромадам ва фаҳмидам, ки аз ҳама чизи хуб “человечизм” будааст”.

Пас аз гуфтани ин сухан ҳама аз ҷой хеста, кафкӯбӣ карданд. Инро Соловёв низ дар як барномааш истифода карда буд. Доимо мехоҳам, ки сулҳу амонӣ бошад.

Таманниёти солинавии Ҷӯрабек Муродов

Ба тамоми халқи ҷаҳон дар арафаи Соли нав сулҳ мехоҳам. Орзу дорам, соли 2020 барои халқи ҷаҳон соли сулҳ шавад. Тоҷикистон низ рӯз то рӯз обод шуда истодааст.

Афсӯс, фарзандони мо аз ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон имрӯз дар Русия, Амрико ва дигар кишварҳо ба меҳнати сахт машғуланд. Доимо дар барномаҳои консертиям ба онҳо дуо мекунам, то муваффақ бошанд. Худо хоҳад, ҳамин ҷавонҳо оиладор ва пулдор шуда, фарзандони худро тарбияи хуб медиҳанд. Халқи тоҷик чӣ хеле 1100 сол пеш обрӯйи ҷаҳонӣ дошт, солҳои наздик низ ҳамин гуна мешавад. Орзу дорам, халқи мо бой шавад ва фарзандони хубро тарбия намояд.

Аз дасти камбағали бечора чӣ меояд?

Мардуми сарватманд доимо табассум мекунад. Худованд аз камбағалӣ нигоҳ дорад! Чун дасту пой додааст, бояд меҳнат кунем ва бой шавем.

Агар бой шудед, фарҳанг баланд мешавад. Вақте фарҳанг баланд шуд, миллат баланд мешавад. Аз дасти камбағали бечора чӣ меояд? Куҷо рафта, фарҳангро нишон дода метавонад? Ин корро бой метавонад – чун пул дорад, ӯ метавонад ба ҳама ҷо равад. Барои ҳамин дуои ҳамешагии ман: “Миллионер шавед, бой шавед!”

Дар ин матлаб аз видеоҳои саҳифаи JM Company дар YouTube истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.