Соли 2019 барои таҳияи наворҳои видео дар “Азия-Плюс” бобарор буд.
Мо шумори наворҳои видеоро зиёд карда, теъдоди тамошобинонро дар шабакаи Youtube ба 17 миллион расонидем (ду баробар бештар нисбат ба 9 соли мавҷудияти шабакаамон) ва миллионҳо тамошобин доштем.
Дар Youtube:
Миллиони аввалро дар Youtube навори видео дар бораи чӣ гуна сохтани танӯри миллӣ ҷамъ овард. Дуруст аст, ки ин видео ду сол пеш нашр шуда буд, лекин аз нисф зиёди корбарон (700 ҳазор нафар) онро маҳз ҳамин сол тамошо карданд.
Маълумоти омории ин навор хеле нодир аст, зеро онро аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон, ҳатто аз Африқо низ тамошо кардаву шарҳу тавзеҳ навиштанд.
Навори аввали сертамошобини мо дар Youtube маълумот дар бораи ҳамсари бевамондаи хизматчии ҳарбии дар зиндони Ваҳдат ҳалокшуда буд. Падари 3 фарзанд Абдуҷаббор Ҳалимов дар ҷараёни ошӯби зиндониён ҳалок шуд. Ин оила дар назди муассиса дар хонаи иҷора мезист. Ҳамсари хизматчии ҳарбӣ намедонист, ки акнун бе саробони оила чӣ хел зиндагӣ мекунаду аз куҷо барои пули иҷора ва қарзҳо аз мағозаи хӯрокворӣ маблағ меёбад.
Ин наворро 330 ҳазор маротиба тамошо ва баррасӣ карданду зераш шарҳу тавзеҳ навиштанд. Ба назди фарзандони ятиммондаи ин оила рафта, бо пул ба онҳо кумак карданд.
Навори дигари таъсирбахш, ки дар Youtube 371 ҳазор нафар тамошобин пайдо кард, мавод дар бораи мардикорбозори занона дар Бохтар аст. Дар яке аз кӯчаҳои шаҳр ҳамарӯза занон ҷамъ шуда, бо пули ночиз барои иҷрои ҳама гуна кор – рӯбучин ва тозакунии хонаҳо, побели замин ва ғайра розиянд.
Мутассифона, пас аз нашри ин навор ҳукуматдорони маҳаллӣ рейдҳо гузаронида, занонро маломату сарзаниш карданд, аммо касе ба онҳо кори дигаре наёфт...
Дар Facebook:
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пирамардеро дарёфтем, ки барои адои маросими ҳаҷ пул ҷамъ мекард. Аммо дар ниҳояти кор пулашро ба сохтмони хона барои ҳамсоязани танҳои камбизоаташ сарф кард. Навори видеоро дар бораи Мирзоэргаш Неъматов дар саҳифаи фейсбукии мо 405 ҳазор нафар тамошо карданд.
Корҳои хайр ҳамеша таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб мекунад. Моҳи август дар бораи мағозаи иҷтимоӣ дар Самарқанд маълумот додем, ки одамон ба он либосу хӯрок оварда, ҳама шахсони ниёзманд онро бепул гирифта метавонанд.
Ин навори видео таваҷҷуҳи 975 ҳазор нафарро ҷалб кард.
Чизеро, ки мо интизор набудем, таваҷҷуҳи хеле зиёд ба яке аз озмоишҳои мост. Тобистони соли равон ҳарорат дар Тоҷикистон то 48 дараҷа гармӣ мерасид. Хабарнигори мо Саодат Раҳимова дар амал санҷид, ки оё тухмро бо гармии офтоб пухтан мумкин аст ё не. Маълум шуд, ки ин масъала натанҳо барои мо шавқовар будааст.
Озмоиши моро 1 миллиону 200 ҳазор нафар тамошо карданд. Аз ҳар гӯшаву канораи сайёра, ҳатто аз Сибир.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.