Рӯзи 15-уми феврали соли 2020 муҳлати муқарраршудаи дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Барои аксари тоҷикистониён лозим аст, ки аввал чунин ҳуҷҷат, яъне ID-шиноснома гиранд.
Мо кӯшиш ба харҷ додем, то бифаҳмем, ки ба чӣ қадар одамон дар ин давра иваз кардани шиносномаашон муяссар шудааст.
Ёдовар мешавем, бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15-уми августи соли 2019) аз нав ба қайд гиранд.
Кори симкортҳои касоне, ки то ин муҳлат бо шиносномаи намунаи нав дубора ба қайд намегиранд, қатъ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД хабар дод, дар мавсими зимистон шуъбаҳои шиносномадиҳӣ аз соати 08:00 то 20:00 (тобистон – то соати 22:00) кор мекунанд.
“Як давра дархостҳои гирифтани шиносномаи нав камтар шуд, вале ахиран боз навбатпойиҳо зиёд шуданд”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи шумори умумии шаҳрвандоне, ки ба гирифтани шиносномаи намунаи нав фурсат наёфтаанд, маълумот надод.
Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.
Тибқи иттилои як манбаъ аз Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 6,9 млн. адад симкортҳо ба қайд гирифта шудааст.
“Аз ин миқдор ҳамагӣ 2,8 млн. ададаш мувофиқи шиносномаҳои намунаи нав ба қайд гирифта шудааст. Агар ба назар гирем, ки бархе аз шахсон дутогӣ симкорт доранд, пас наздики 3 млн. нафар то ҳол шиносномаи намунаи нав надоранд”, - гуфт манбаъ.
“Мо дар давоми як моҳ ба ҳама шиносномаи нав дода наметавонем”, - гуфт манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои дар боло зикршуда аз додани маълумот дар бораи боз дароз кардани муҳлати дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи нав худдорӣ варзида, изҳор доштанд, ки ин салоҳияти ҳукумат аст.
Барои ивази шиноснома чӣ лозим аст?
Шиносномаи намунаи соли 2014-и шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлати 10 сол дода шуда, ҳар 10 сол шумо онро ҳатман бояд иваз кунед.
Барои иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм.
Маблағи ҷаримаи шиносномаи муҳлати ивазаш гузашта 110 сомониро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.