Дар Тоҷикистон ба пешгирии хатари ворид шудани коронавирус аз Чин ҷиддан омода мешаванд. Дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷ амал карда, табибон бо сарулибоси муҳофизатӣ навбатдорӣ мекунанд.
“Дар фурудгоҳи Хуҷанд низ назорат пурзӯр шуд, - гуфт муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода. - Мутобиқи қоидаҳои вогирию беҳдоштии байнулмилалӣ имрӯз мо пурра омодаем”.
Дар бунгоҳи тиббии фурудгоҳ капсулаи изолятсионӣ тайёр кардаанд, ки дар онҳо гирифторони эҳтимолии вирусро ҷо мекунанд. Пас аз муоинаи аввал бемор ба ихтиёри Беморхонаи клиникии шаҳрии сироятӣ дода мешавад.
Палатаҳо дар қисмати ҷудошуда (изолятсионӣ)-и беморхона, ки ба он рӯзноманигорони “Азия-Плюс”-ро роҳ доданд, холианд. Ба гуфтаи муовини сардухтур Тӯрахон Шарифзода, ин ҷо дар як вақт наздики 300 нафарро ҷудо аз ҳамдигар нигоҳ дошта метавонанд, лекин ҳолатҳои бистарӣ шудан аз сирояти коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.
“Донишҷӯёне муроҷиат карда буданд, ки дар Чин таҳсил мекунанду ин ҷо дар таътиланд. Мо онҳоро муоинаву ташхис карда, бо сабаби ошкор нашудани аломатҳои беморӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додем”, - изҳор дошт муовини сардухтур.
Чӣ гуна муоина шудани мусофирон ва шароит дар беморхонаҳо дар гузориши видеоии мо.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Два года в кругосветке и три месяца в Таджикистане. Ростовские туристы рассказали, что их здесь удивило
«Он создал мост между гражданским обществом и властью». Памяти Сухроба Шарипова – настоящего патриота, политика, ученого
Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 января 2025 года
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста