“Соли 2019 ба ҷуз чой, Тоҷикистон аз Чин дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ворид накардааст”, - хабар дод директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.
Номбурда қайд кард, ки воридоти чой низ аз моҳи январи соли равон қатъ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти ғизойиро аз Чин ширкатҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, барои истеъмоли худашон меоранд.
Тадриҷан даст кашидан аз воридоти маҳсулоти чиниро Давлатзода бо он маънидод кард, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба туфайли амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли бисёр маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд.
Давлатзода зикр кард, ки аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли сабзавоту мева ба таври қобили мулоҳиза афзуд.
Ғайр аз ин, таъкид дошт ӯ, қаблан дар ҷумҳурӣ барои тамоми сол тару тоза нигаҳдории маҳсулоти кишшоварзӣ шароит муҳайё набуд.
“Имрӯз ба туфайли расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, дар саросари кишвар бисёр чунин анборҳо (сардхонаҳо) сохта шудаанд, ки ҳангоми зарурат ба таъмини бозор бо маҳсулот имкон медиҳанд”, - илова кард ӯ.
Қаблан Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин, воридоти ҳама гуна навъи маҳсулоти хӯроквориро аз ин кишвар манъ кард.
Аз ин пеш Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки алоқаи роҳи ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистон бо Чин қатъ шуда, маҳсулот тариқи бандарҳои баҳрӣ аз кишварҳои сеюм ворид мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.