Пас аз хуруҷи коронавируси 2019-nCoV дар Чин, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон барои воридоти ҳама намуди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст. Дар ин хусус раиси кумитаи мазкур Муҳаммадсаид Убайдулло имрӯз, 30-юми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2019 аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин ба соҳибкорон иҷозат дода нашудааст. “Ба истиснои чой ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ”, - афзуд ӯ.
“Баъд аз пайдо шудани коронавирус дар Хитой он маҳсулоте, ки аз ҷониби давлатҳои сеюм низ ворид мешаванд, зери назорати ҷиддӣ гирифта шудааст. Аз тарафи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ меваҳои Хитой, ки ба воситаи Афғонистон ворид карданӣ буданд, бозпас гардонида шуд. То ҳол ба кишвар маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли чинӣ ворид нашудааст”, - таъкид дошт раиси кумита.
Муҳаммадсаид Убайдулло зикр кард, ки пас аз хуруҷи коронавирус бо супориши сарвари давлат ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ амал мекунад. Дар сарҳадот мақомоти махсуси Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати сарҳадии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти гумрук фаъолият мекунанд.
“Дар сарҳад ташхисгоҳҳо вуҷуд доранд, ки молу маҳсулоти чиниро бармегардонанд ва намегузоранд, ки ба ҷумҳурӣ ворид шаванд. Барои молҳои дигар давлатҳо маҳдудияте вуҷуд надорад, танҳо воридот барои маҳсулоти истеҳсоли Чин иҷозат дода намешавад. Аз маҳсулоти ғизоӣ танҳо чой ворид мешуд, ки пас аз пайдо шудани вирус аз тарафаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба воридоти он низ маҳдудият ҷорӣ карда шудааст”, - шарҳ дод ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста