Қариб ними автобусҳое, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд барои хидматрасонӣ ба сокинон харидорӣ карда буд, аз ҳаракат бозмондаанд. Масъулин сабаби онро ба набуди ронанда рабт медиҳанд, сокинон аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно шикоят доранд.
Муддатест, ки сокинони шаҳри Хуҷанд аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят доранд. Як сокини шаҳр ба “Азия-Плюс” шикоят кард, ки ҳар субҳ дар истгоҳи хатсайри Хуҷанд – Фурӯшгоҳи Марказӣ (Универмаг) то 40 дақиқа интизори омадани автобус мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин мавзеъ аз ҳама қисмати серодам ва сернақлиёти шаҳр аст.
“Аксар вақт дар интизории автобус поямон дард мекунад”, - гуфт ин сокини Хуҷанд.
Мушоҳидаҳои мо ҳам нишон дод, ки дар шаҳр теъдоди автобусҳо хеле кам аст ва сокинони зиёд дар истгоҳҳо мунтазири он мебошанд. Махсусан, оғоз ва анҷоми рӯз донишҷӯёну кормандони муассисаҳои давлатӣ бо мушкили камчинии автобус рӯбарӯ ҳастанд.
Хуршедхон Ишонов, директори КВД Коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми ноябр дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” вуҷуди ин мушкилро тасдиқ карда, гуфт, ки онҳо 40 автобус доранд, вале ҳоло 20-25 автобус ба мардум хидмат мерасонанду бас.
Сабаби фаъолият накардани ҳамаи автобусҳоро Хуршедхон Ишонов ба камбуди ронандагони ин намуди нақлиёт иртибот дода, гуфт, ки “дар асл 40 автобус дар хидмати сокинон ҳастанд, аммо як ронанда ҳар рӯз ба кор баромада наметавонад, аз ҳамин сабаб 20 то 25 автобус кор мекунаду бас”.
Аммо ӯ нагуфт, ки барои фаъолияти ҳамаи автобусҳо чӣ гуна коргар ҷустанд ва чаро натавонистанд ронанда пайдо кунанд. Маоши ронандагон ҳам норӯшан монд.
Дар масъалаи шикояти шаҳрвандон Хуршедхон Ишонов гуфт, “давоми 10 моҳи имсол ягон шикояти хаттӣ аз фаъолияти автобусҳо ба корхона ворид нашудааст. Аммо шикояти шифоҳии мардум, ки бештар ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд мекунанд, саривақт баррасӣ ва қонеъ мегардад”.
Ин дар ҳоле, ки сокинони шаҳри Хуҷанд, борҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз интизориҳои тӯлонӣ дар истгоҳҳо шикоят карда буданд.
Аз вуруди автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд 7 сол сипарӣ шуд, аммо ҳамоно шикояти аҳолӣ атрофи ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд аст. Тобистони имсол як муддат автобусҳо умуман кор накард ва ин авҷи шикояти мардумро боз зиёдтар кард.
Танҳо баъди кӯмаки шаҳрдории Хуҷанд бо 40 тонна сӯзишворӣ як қисми автобусҳо дубора ба фаъолият оғоз кард, аммо ба иддаои сокинон қонеъкунанда нест.
Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тобистони имсол дар нишасти матбуотияш гуфта буд, ки айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Аммо аз сабабҳои гаронии нархи сӯзишворӣ, ки ҳадди ақал хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва дароз будани хатти ҳаракат, ки аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд то шаҳрҳои Бӯстону Гулистон муайян шудааст, боиси мушкилоти соҳа гардидааст.
Шарифзода гуфта буд, ки барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ ҳозир шаванд. Зеро қаблан дер омадани онҳо боиси норозигии сокинон гардида буд. Барои ин ҳоло хатти ҳаракати автобусҳо муайян карда мешавад, инчунин дар назар аст 50 адад электробусҳо низ харидорӣ гардад то эҳтиёҷоти мардумро бароварда шавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобусро харидорӣ карда буданд. Харидории автобусҳо дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" қариб 5 сол пеш амалӣ шуда буд. ҳанӯз замони вуруди автобусҳо масъулини ҳукумати Хуҷанд гуфта буданд, ки автобусҳои 12-метрӣ буда, наздик 30 адад ҷойи нишаст дошта, беш аз 110 нафар мусофиронро ба манзил мерасонад.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста