Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд сабаби аслии аз кор бозмондани автобусҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғдро ба мушкили молӣ рабт дод.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тӯли як моҳ 100 адад автобусҳои шаҳри Хуҷанд аз кор мондааст.
“Мушкилро ҳал кардем ва аз тарафи молияи шаҳр барои ба кор баромадани автобусҳо маблағи лозима ҷудо шуд. Айни ҳол 20 фисад автобусҳо ба кор оғоз кардаанд”, - афзуд Шарифзода.
Аммо ӯ нагуфт, ки сабаби пеш омадани мушкили молӣ чӣ аст ва онҳо чӣ гуна онро бартараф карданд.
Ҳамчунин, мушоҳидаи беш аз яксоатаи хабарнигори “Азия-Плюс” нишон дод, ки ҳоло ҳам дар роҳи кӯчаи марказӣ (Универмаг) то ҳудуди бозори Панҷшанбе ва Автовокзали кӯҳна ягон автобус ҳаракат надорад.
Гуфтан зарур аст, ки аввалин бор тибқи лоиҳа соли 2018-ум 25 адад автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ворид гардид. Баъдан марҳила ба марҳила шумораи автобусҳо ба 100 адад расонида шуд.
Аммо аз соли 2018 то имрӯз дар нишастҳои матбуотӣ мушкили автобусҳои шаҳр, аз ҷумла кам будан, дер омадан ва набудани автобусҳо суолгузорӣ мешавад ва мақомот дар фаъолияти автобусҳо як меъёр муқаррар намекунанд.
Зимистони сипаришуда дар пайи афзоиши нархи сӯзишворӣ ҳаракати автобусҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд тақрибан 20 рӯз қатъ гардид ва баъди “ёфт шудани сӯзишворӣ” дубора ба кор оғоз карданд.