Баъди қариб як моҳи таваққуф, ки бо сабаби гароншавӣ ва норасоии сӯзишворӣ пеш омад, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва дуюмин шаҳри калони Тоҷикистон, автобусҳо дубора ба кор оғоз карданд.
Имрӯз, 23–юми ноябр, Мамадқул Камолов, муовини Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ду рӯз пеш, 21-уми ноябр, 20 адад автобус ба кор оғоз карданд.
“Ҳаракати автобус бо ду сабаб - норасоии сӯзишворӣ ва ронандагон аз кор монда буд. Бо дастгирии ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд беш аз 40 тонна сӯзишворӣ ҷудо гардид ва маоши кормандон барои моҳҳои сентябр ва октябр пардохт карда шуд”, - гуфт Мамадқул Камолов.
Ду ҳафта пеш, як масъули ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар пайи гароншавии сӯзишворӣ ҳаракати автобус дар шаҳри Хуҷанд қатъ гардид.
Сокинони шаҳри Хуҷанд, махсусан хонадагони мактабу донишҷӯён аз дубора ба фаъолият пардохтани автобусҳо хушҳол шудаанд. Онҳо мегӯянд, фаъолият кардани автобусҳо мушкили ҳаракати онҳоро хеле осон мекунад.
Мафтуна Бобоева, як сокини Хуҷанд гуфт, ки чанд рӯзи охир аз набудани автобусҳо дар шаҳр азият мекашид ва ҳоло хушҳол аст, ки ин навъи нақлиёт дубора ба кор оғоз кардааст.
“Барои мо, донишҷӯён автобус ҳатман зарур аст, зеро дар ҳолати фаъолият накардани онҳо, микроавтобусҳо пуродам мешаванд ва савор шудан ба онҳо душвор мешавад”, - мегӯяд Мафтуна.
Ҳамакнун, ба қавли Мамадқул Камолов, КВД коммуналии нақлиёти шаҳри Хуҷанд бо нашри эълон тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ронандаи автобус меҷӯяд. Зеро онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик боз 50 адад автобус харидорӣ намоянд.
Қаблан, соли 2018, ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус харидорӣ карда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки мушкили автобус дар шаҳри Хуҷанд нав нест. Қаблан низ масъулини шаҳри Хуҷанд мушкилоти автобусҳои шаҳрро зикр карда буданд.
Аз ҷумла, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд тобистони соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аз сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ ва дароз будани хатти ҳаракат автобусҳои шаҳр наметавонанд хароҷоти худро пӯшонанд.
Барои ҳалли мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки 50 адад электробус низ харидорӣ намояд. Аммо онҳо кай ба кор оғоз мекунанд, ҳоло маълум нест.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста