Дар Душанбе табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро анҷом додаанд. Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар хориҷа ё бо овардани мутахассисони хориҷӣ гузаронида мешуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” бори нахуст ҷарроҳии косахонаи сари сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро, ба таври махсус - тариқи эндоваскулиярӣ, яъне бе буриш гузаронидаанд.
Косахона ва майнаи сари бемор ҳангоми афтодан ҷароҳати ҷиддӣ бардошта будааст. Маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст.
“Ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон ба вуҷуд омадааст”, - гуфтааст Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи “Шифобахш”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъи саломатии бемор хуб аст ва бемориаш пурра бартараф шудаааст. Чанд рӯз пас бемор ба хона рухсат мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ менависад, ки чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб мерафт.
Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронида намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.
Гуфта мешавад, “бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба табибони ватанӣ имконият даст дод, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро бори аввал дар кишвар бомуваффақият гузаронанд”.
Ёдовар мешавем, ки Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро бо ҳамкорони хеш гузаронидааст, дар самти омухтани ҷарроҳиҳо дар риштаи мағзи сар давоми якуним сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос гузашта, донишу малака ва таҷрибаи хешро баланд бардоштааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” амалиёти ҷарроҳии гематомаи дохили мағзи сар бори аввал бомуваффақият анҷом дода шуда буд. Онро ҷарроҳи нейрохирург Назрулло Рахимов анҷом дода буд.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста