Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани навбатиаш 6 аъзои худро ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки соли равон баргузор мешавад, пешниҳод кардааст. Анҷумани XXXVII ғайринавбатии ҳизб рӯзи 4-уми январ баргузор гардид.
АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар анҷуман масъалаҳои иштироки ҲКТ дар интихоби навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид.
Аз ҲКТ инҳо ҳамчун номзад ба вакилии парлумон пешниҳод шуданд:
- Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ;
- Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи ҲКТ дар вилояти Суғд;
- Зарагул Мирасанова, котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ;
- Отахон Ҳасанов котиби якуми Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Душанбе;
- Абдуҷаббор Умарзода вакили парлумон;
- Ҳикматулло Ҳамидов, раиси ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб.
Ин ҳизб ҳоло дар парлумон ду курсӣ дорад. Яке раиси ҳозираи он Меҳроҷ Абдуллоев ва дуввумӣ аъзои ҳизб Абдуҷаббор Умарзода мебошанд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 Шодӣ Шабдолов сиёсатмадори тоҷик раиси он буд. Соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ раиси ҲКТ интихоб шуд ва баъди даргузашташ дар моҳи декабри соли 2016 то моҳи апрели соли 2017 Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ буд.
Аз апрели соли 2017 то имрӯз Меъроҷ Абдуллоеви 76-сола раиси ҳизб мебошад. Ӯ аз соли 2020 вакили парлумон аст.
Бино ба маълумоти худи коммунистон то соли 2017 ҲКТ дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дошт.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар кишвар ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дигар ҳизбҳо номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанде пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста