Дар Душанбе пленуми 33-юми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб баррасӣ шуд, ки дар ин анҷуман пешвои нави коммунистони тоҷик интихоб мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод, пленум Мирзоазим Насимовро аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲКТ озод карда, иҷрои ин уҳдадориро ба дӯши котиби ҳизб Меҳроҷ Абдуллоев вогузор намуд.

Бо қарори пленум, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон санаи 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 22 апрел ҳаракати байнулмилалии коммунистӣ 147-умин солгарди зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон, муассиси нахустин давлати сотсиалистӣ дар саросари дунё Владимир Ленинро ҷашн мегирад.

Тибқи маълумоти ба «Азия-Плюс» расида, Меҳроҷ Абдуллоеви 65-сола полковники мустаъфӣ буда, солҳои тӯлонӣ дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд.

Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъин шуд.

Бино ба маълумоти худи коммунистон, имрӯз ҲКТ дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад.